Зиннатулоҳ Исмоилзода, раҳбари телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон директори муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори умум» таъин шуд. Таъиноти ӯ ба ин мақом рӯзи 24 ноябр бар асоси як фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ин академия ду сол қабл таъсис шуда, дар тобеияти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон қарор дорад.
http://www.ozodi.tj/archive/news/20151124/538/538.html?id=27383464