Журнализм дар Тоҷикистон хатарноктар мешавад? ВИДЕО

Хабарнигорони тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 3-уми май дар як нишасте бахшида ба Рӯзи озодии баён, бо як лаҳзаи сукут, ёди 8 хабарнигореро гиромӣ доштанд, ки рӯзи 30-уми апрел дар шаҳри Кобул кушта шуданд.

Дар натиҷаи ин бомбгузории маргталабона аз ҷумла ду хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам ҷон доданд. Ба гуфтаи ҳозирони нишаст бо номи “Озодии сухан: Имкониятҳо ва дурнамоҳо дар минтақа”, фоҷиаи ахир, нишондиҳандаи возеҳи хатарнок будани кори журналистон аст, ки мехоҳанд, ҷомеаро аз воқеиятҳои рӯз огаҳ кунанд.

Дар ин ҳамоиши минтақавӣ дар Душанбе ҳамчунин гуфта шуд, ки фаъолияти хабарнигорон на танҳо дар Афғонистон ҷангзада, балки дар кишварҳои ороми минтақа аз ҷумла Тоҷикистон ҳам хатарноку мушкилтар мешавад. Ба гуфтаи ширкатдорони нишаст дар сахту хатарнок шудани кори нақши ҳукумат низ кам нест

Журналистон аз Тоҷикистон мегурезанд

Нуралӣ Давлат, яке аз ҳозирони нишаст ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, ки дар нишаст ширкат дошт, мегӯяд, монеаҳое, ки сари роҳи фаъолияти хабарнигорон гузоштаанд, доираи фаъолияти онҳоро танг ва озодии баён дар Тоҷикистон маҳдудтар кардааст.

“Ду соли ахир мушкилот дар кори хабарнигорон бештар шудааст. Дар канори худсонсурӣ дастрасии хабарнигорон ба манбаи иттилоъ сахт маҳдуд шудааст. Ба далели бӯҳрони молӣ бархе аз нашрияҳо аз чоп монданд ва теъдоде аз хабарнигорони тоҷик тарки ватан карданду ба Ғарб рафтанд. Дар ин муддат теъдоди расонаҳо ба маротиб коҳиш ёфт” – гуфт Нуралӣ Давлатов.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *