Журналистони тоҷики ҷавобшуда аз ВВС куҷо мераванд?

Сервери ҷаҳонии Би би сӣ (ВВС), ки бисёре аз рӯзноманигорони варзидаи тоҷикро дар Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ба кор ҷалб карда буд, тасмим гирифтааст бахши тоҷикии радио ва сомонаашро баста, аз якуми апрел қисми зиёди хабарнигоронашро дар Тоҷикистон аз кор ҷавоб бидиҳад.

Исфандиёри Одина, ки масъули намояндагии Би би сӣ дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, шарҳи расмии ин тасмими роҳбарияти Би би сӣ, дар назар аст имрӯз, 31 март нашр шавад. Ӯ афзуд, дар сурати дастрас шудани шарҳи расмии бастани бахши тоҷикии радиои Би би сӣ онро пешниҳоди хонандагони “Озодагон” хоҳад кард.

Дар баробари Исфандиёри Одина интизор меравад, Анора Саркорова ба ҳайси хабарнигори бахши русии ВВС ва Суҳроби Зиё, хабарнигори телевизиони ВВС дар Тоҷикистон фаъолияташонро идома бидиҳанд.

Аммо рӯзноманигорони маъруф — Зарринаи Хушвақт, Мардони Муҳаммад, Зеваршоҳи Муҳаммад, Рӯзигул, Искандари Фирӯз, ки аз кор дар Душанбе ва Урунбой Усмонов аз кор дар Хуҷанд ҷавоб дода шудаанд, чӣ нақшаҳо доранд?

Искандари Фирӯз ҳанӯз дар моҳҳои аввали эълони азми Би би сӣ барои бастани бахши тоҷикии радио, тирамоҳи соли 2014 ба кор ба сомонаи дигар гузашт. Заринаи Хушвақт дар робита ба нақшаҳои ояндааш ба “Озодагон” гуфт, ҳоло ҳеч тасмиме нагирифтааст:“Мехоҳам каме истироҳат кунам”.
Мардони Муҳаммад, ки донандаи хуби забони англисӣ мебошад, ба “Озодагон” гуфт, шояд дар ягон созмони байналмилалӣ ба кор дарояд. Хабарнигор Шамсияи Қосим аз ироаи нақшаҳояш барои оянда худдорӣ кард.

Зеваршоҳи Муҳаммад мегӯяд, феълан аз радио, телевизионҳои давлатӣ ва нашрияҳои давлативу хусусии Тоҷикистон пешниҳоди корро гирифтааст, аммо ҳанӯз ба хулосаи мушаххасе нарасидааст: “Албатта, он ҳуқуқеро, ки дар Би би сӣ доштам, аз дигар расонаҳо талаб намекунам, вале ҳадди ақал шароите бошад, ки зиндагиро чархонда шавад. Аз телевизиони “Тулӯъ”-и Афғонистон ҳам пешниҳодҳо шуданд. Ман ҳоло як моҳ истироҳат мекунам ва баъдан ба як хулосаи мушаххас меоям”.

Тасмими бастани бахши тоҷикии радиои Би би сӣ дар ҳолест, ки дар саргаҳи оғози кори ин радио дар Тоҷикистон журналисти маъруф, шодравон Муҳиддин Олимпур меистод.

http://www.ozodagon.com/20949-zhurnalistoni-toiki-avobshuda-az-vvs-kuo-meravand.html

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *