Журналистони мустақил муттаҳид мешаванд

Дар шаҳри Душанбе дар мизи гирде имкони таъсиси як созмони муваққатии дифоъ азҷойгоҳи рӯзноманигорон дарҷараёни пӯшиши гузоришҳои марбут ба интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин инъикоси воқеъии ҷараёни тадорукот, раъйдиҳӣ ва натиҷагирии интихоботи имсолва роҳ надодан ба иштибоҳот ба ҳангоми пӯшиши ин мавзӯъ дар расонаҳои мустақил матраҳ шуд.

Ин ҳамоиш, ки дар остонаи оғози тадорукот ба интихобот доир мешавад, рӯзи душанбеи 15 июл намояндагони созмонҳои марбут ба рӯзноманигорӣ ва сардабирони расонаҳо ва нашрияҳои мустақили Тоҷикистонро гирдиҳам овард. Ҳамчунин иддае аз ҳуқуқшиносони саршинос низ дар ин мизи гирд ширкат доштанд.

Мубтакирони баргузории ин мизи гирд рӯзноманигорони бархе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон буда ва тавре, ки Лола Олимова, масъули Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар Тоҷикистон гуфт ин намояндагӣ барои баргузор кардани ин ҳамоиш саҳм гирифтааст.

Марат Мамадшоев, журналисти маъруфи кишвар мегӯяд, ки яке аз сабабҳои сарҷамъ омадани рӯзноманигорон дар ин нишаст, таъйини хатти машйи расонаҳо ва нашрияҳои мутақил дар ҷараёни баргузории маъракаҳои марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.

Вай  гуфт: «Мо ба намояндагони расонаҳои мустақил ва нашрияҳо ин назарро пешниҳод кардем, ки дар мавриди зарурати таъсиси як эътилоф ва ё созмони муваққатӣ барои рӯзноманигорон ва дифоъ аз мавқеъи онҳо дар замони пӯшиши интихобот фикр кунанд.»

Ӯ гуфт, ки озодбаёнии нисбӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо маълум нест, ки дар замони интихобот чи иттифоқоте хоҳад уфтод. Ҳамчунин мегӯяд, ӯ  дар Тоҷикистон маъмулан расонаҳои давлатӣ ба номзадҳои мустақил имкони таблиғ ва ё изҳори ақидаро намедиҳанд. Ва ман фикр мекунам, ки мардум бояд ақидаронии ҳамаи довталабони ширкаткунанда дар интихоботро дошта бошад. Ва ин имконро ба онҳо расонаҳои мустақил метавонад, фароҳам кунад.»

Ширкаткунандагони дигар дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки рӯзноманигорон ҳаққи дахолат ба сиёсатро надоранд ва бештар рисолати пахш кардани иттилоъот ва хабарҳои дақиқ дар мавриди ҳодисоти сиёсӣ ва иҷтимоъиро доранд.

Бо ин далел иддае аз намояндагони расонаҳои мустақил дар ин мизи гирд гуфтаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иттифоқот бо рӯзноманигорон расонаҳои мустақил дар пӯшиши гузоришҳои интихоботӣ бояд ба се нукта, яъне бетарафӣ, таъодул ва адами ҷонибдорӣ аз касе таваҷҷуҳ кунанд.

Ҳамчунин дар ин мизи гирд  намояндагони расонаҳои мустақил гуфта шуд, ки имкон дорад дар ҷараёни пӯшиши масоили марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таъқибу фишор ба расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил дар  кишвар афзоиш ёбад. Аз ин рӯ дар ҳамоиш ба зарурати иттиҳоди журналистон дар Тоҷикистон низ таъкид шуд.

millat.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *