Журналистон сифати сӯзишвории «Газпромнефт»-ро санҷиданд

Ширкати «Газпром нефт — Тоҷикистон» барои намояндагони расонаҳои кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо кори озмоишгоҳи дорои гувоҳнома ва нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газромнефт» дар Душанбе боздиди матбуотӣ доир кард.

Сарвари шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Газпромнефт» дар Тоҷикистон Фарҳод Мирзоев дар оғози боздид гуфт, ки «мақсад аз ин чорабинӣ тавассути рӯзноманигорон ба доираи васеи мошиндӯстдорони мо расонидани он аст, ки ширкат барои таъмини сифати баланди сӯзишвории ба Тоҷикистон воридкардааш чӣ корҳоро анҷом медиҳад. Санҷишҳое, ки мо имрӯз нишон медиҳем, ҳар дафъа ҳангоми фиристодани мошини сӯхткаш аз нафтамбор ва қабули он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гузаронида мешаванд».

Пас аз вохӯрӣ хабарнигорон ба озмоишгоҳи нафтамбор рафтанд. Ба ин нуқта бензини навъи АИ-92 аз махзан оварда шуда, санҷиши нишондиҳандаҳои аслии сифат — зичӣ, ҳарорат, набудани омехтаҳо, адади октанӣ ва андозаи сулфур гузаронида шуд. Сипас бензинро ба мошини сӯхткаш рехта, ба ронанда санадҳои дахлдор, аз ҷумла, шиносномаи сифатро супориданд. Дар он натиҷаҳои таҳлили озмоишгоҳӣ бо шумули адади октанӣ ва дараҷаи экологии Евро-4 сабт гардида буд, ки сатҳи баланди софкорӣ ва камии сулфурро нишон медод.

Ҳангоми дар озмоишгоҳ қарор доштани хабарнигорон сардори Раёсати сифат ва метрологияи «Газпром нефт — Тоҷикистон» Маҳмадӣ Холов гуфт: «Ширкати мо дар сохтораш 3 озмоишгоҳи статсионарӣ дорад. Ба ғайр аз ин, озмоишгоҳи сайёр дорем, ки метавонад бевосита рафта, дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо дархости мизоҷон сифати маҳсулоти нафтиро бисанҷад. Раванди назорати сифати маҳсулот аз он шурӯъ мешавад, ки намояндагони Агентии «Тоҷикстандарт» намунаи маҳсулоти воридкардаи моро пеш аз гирифтани иҷозатномаи гумрукӣ бурда, дар озмоишгоҳҳои худашон месанҷанд. Пас аз гирифтани натиҷаи мусбати маҳсулот, гувоҳномаи мутобиқати сифат пешниҳод мешавад. Баъд аз ворид шудани маҳсулот ба анборҳои захиравӣ, санҷиши такрории сифати онро дар озмоишгоҳҳои худи ширкат мегузаронем. Сипас мутахассисони ширкат барои интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ иҷозат медиҳанд».

Намояндагони ВАО дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории №18-и пойтахт ҷараёни қабули бензин аз мошини сӯхткашро назорат карданд. Бар асоси муқаррароте, ки дар ин ширкат амал мекунад, кормандони нуқтаи фурӯш ҳар як даҳанаи мошини сӯхткашро аз назар гузаронида, бовар ҳосил карданд, ки ба мӯҳрбандии он осеб нарасидааст. Сипас зичию ҳарорат дубора андозагирӣ ва намунаҳои санҷишии сӯзишворӣ гирифта шуд. Ба гуфтаи масъулини ширкат, намунаҳои мазкур то фурӯши пурраи ин миқдори маҳсулоти нафтӣ дар қуттии мӯҳршуда нигаҳдорӣ мешаванд. Ба хабарнигорон ҳамчунин резиши дақиқи сӯзишворӣ аз дастгоҳҳои тақсимотӣ ва кори озмоишгоҳи сайёри сифати маҳсулоти нафтӣ намоиш дода шуд.

Дар ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамчунин Drive Cafе фаъолият мекунад. Бояд гуфт, ки чунин қаҳвахонаҳо дар 14 нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газпромнефт» дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Номгӯйи маҳсулоти Drive Cafе фарогири нӯшокиҳои гарм ва қаннодӣ мебошад.

Дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газпромнефт» гӯшаи маълумот барои мизоҷон мавҷуд аст, ки дар он рақами шабонарӯзии телефони боварӣ навишта шудааст – (44) 601-60-52.

«Газпром нефт — Тоҷикистон» корхонаи фаръии «Газпромнефт» буда, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти нафтӣ аз корхонаи полоиши нафти Омскро амалӣ месозад.

«Газпромнефт» фарогири 1370 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ мебошад. Доираи васеи фарогирии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ «Газпромнефт» ва макони мувофиқи ҷойгиршаваии корхонаҳои полоиши нафти Омск, Маскав ва Ярослав пешсафии ин шабакаро дар бозори фурӯши чаканаи Сибири ғарбӣ ва қисмати марказии Русия таъмин мекунад. Дар Тоҷикистон шабакаи «Газпромнефт» 27 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дорад. Дар онҳо бензини навъҳои АИ-92, «Премиум Евро-95», «Супер Евро-98», сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ, инчунин сӯзишвории номдору хушсифати G-Drive 92 ва G-Drive 95 фурӯхта мешавад. Ҳама навъи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба меъёрҳои экологии Евро-4 ва Евро-5 мутобиқ мебошанд.

Дар манотиқи гуногуни кишвар 745 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коргоҳҳои гуногуни ширкати мазкур фаъолият мекунанд. Дар соли 2014 «Газпром нефт — Тоҷикистон» ба рӯйхати 10 ширкати бузургтарини андозсупорандаи ҷумҳурӣ ворид шуда, ба гуфтаи маъулони ин ширкат, ҳудуди 340 миллион сомонӣ ба буҷаи давлатӣ пардохт кардааст.

http://faraj.tj/economics/9675-zhurnaliston-sifati-s1263zishvorii-gazpromneft-ro-san1207idand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *