Журналистон бештар дар Чин ва Миср зиндонӣ мешаванд

Кумитаи байналмилалии ҳифзи рӯзноманигорон дар як гузориш Чин ва Мисрро ба унвони кишварҳое ном бурдааст, ки кормандони расонаҳо дар он ҷо бештар аз кишварҳои дигар ҳабс мешаванд.

Ба иттилои ин созмон дар умум теъдоди рӯзномагирони зиндонӣ дар таносуб ба сатҳи рекордии солҳои қаблӣ ба таври чашмрас кам шудааст. «Ҳоло ин адад 199 нафарро ташкил медиҳад, соле қабл – 221 нафар буд. Дар Чин, бар асоси омори то 1-уми декабр, 49 рӯзноманигор дар зиндон буд, дар Миср – 23, дар Эрон – 19, дар Эритрия – 17 ва дар Туркия – 14 нафар», — афзудааст сарчашма.

Дар миёни мамолики шӯравии собиқ бошад, Озарбойҷон дар ин самт пешсаф аст. Дар ин давлат 8 рӯзноманигор зидонианд.

Гуфта мешавад, дар Русия ва Қирғизистону Туркманистон имсол як нафарӣ рӯзноманигор маҳбус шудаанд. Дар Туркманистон хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Сафармурод Непескулиев моҳи июли имсол зиндонӣ шуд. Дар Русия блогнавис Сергей Резник аз Ростови лаби Дон аввали соли равон ба муҳлати 1,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

 

http://faraj.tj/news/11754-zhurnaliston-beshtar-dar-chin-va-misr-zindon1251-meshavand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *