Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро шанбеи ҳафтаи гузашта, дар рӯзи иди матбуоти тоҷик ҳамчун тӯҳфа ба хабарнигорон сайру саёҳат ба маркази таълимии сарбозону афсарони ВКД- «Марғоб» дар дараи Ромит ташкил карда шуд.
Ба ҳавои боронӣ ва роҳҳои душворгузари ин минтақа нигоҳ накарда, роҳи 45 километраи ин минтақаро пеш гирифтем. Тавре Анвар Ализода, роҳбари дастгоҳи ВКД, ки ҳамчун роҳбалад ба хабарнигорон хизмат мекард, гуфт, «Маркази таълимӣ бо мақсади гузаронидани машқҳои тактикии ҳарбии на танҳо ВКД, балки дигар ҷузъу томҳои дигар структураҳои ҳарбӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи амнияти миллӣ, Агентии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сохта шудааст».
Ба гуфтаи масъулин, мақсад аз гузаронидани машқҳои якҷоя боло бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни структураҳои ҳарбии кишвар, аз худ намудани навгониҳои ҷангӣ, сифатҳои лидерии командирон дар шароити кӯҳӣ ва инчунин пурзӯр намудани мубориза барои безарар гардонидани гурӯҳҳои террористӣ мебошад.
Ҳудуди ин тамрингоҳ 500 гектарро дар бар мегирад, ки дар як вақт теъдоди 1000 сарбозро барои машқ ҷалб намудан имкон дорад. Дар ҳудуди ин марказ инчунин дигар иншоотҳо аз қабили нуқтаи идора, ҳуҷраи машғулиятҳо барои ҳама намуд аслиҳа, клуб, ошхонаву ҳаммом, майдончаи варзишӣ ва иншоотҳо барои гузаронидани машқҳои таълимӣ амал намуда истодааст.
Инчунин ба журналистон имкон дода шуд, лаҳзае бошад ҳам яроқи худро, ки қаламу дафтар ва компютер мебошанд, ба яроқи асосии ҷангӣ-автомати «Калашников» ва тапончаи «Макаров» иваз карда, тирандозӣ намоянд.
Ин тирандозӣ маълум намуд, ки то кадом андоза журналистон объекти худро бад-ин васила мавриди ҳадаф қарор дода метавонанд. Дар охир сардори маркази матбуотии ВКД Ҷалолиддини Садриддин викторина дар мавзӯи матбуоти даврони шӯравӣ ва муосир доир намуд, ки рӯзноманигорон аз ҷавоби суолҳо ба хубӣ баромаданд.
Тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи вазоратро мушовири вазир полковник Мансур Бухоризода ба ғолибони викторина супурд.
http://faraj.tj/news/12727-zhurnalston-az-ma1171ob-didan-kardand.html