Муроҷиат ба ҳукумати Фаронса
Журналистика аслан аз замони пайдоиши худ дар пеши худ ҳадаф гузошт, ки ба мардум иттилои тоза мерасонад ва бо таҳлилу танқиди коргари хеш барои ҳалли масаъалҳои рӯзмарраи ҳаёти инсоният мусоидат менамояд. Яъне бузургии журналистика дар он таҷассум мегардад, ки баробари танқид, ҳаҷв ва таҳлили масъалаи ҳалталаб роҳҳои ислоҳи онро нишон дода, дар як вақт барои роҳҳои мусолиҳатомези ташаннуҷҳои байниқавмию байнинажодӣ чораҳои заруриро меандешад. На ин ки ба терроризму кушторҳои ваҳшиёна ноогоҳона замина мегузорад. Пас дар ин сурат метавон амали карикатуристҳои журнали Шарле Ҳебдоро дур аз этикаи касбӣ ва олами журналистика унвон карда, тасмимҳои эшонро таҳқири маҳз номид.
Нохун задан ба асаби мазҳабӣ кори журналист нест
Дар Кодекси байналмилалии ахлоқи журналистика, ки дар Британияи Кабир ба тасвиб расида, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии журналистӣ ҷонибдорӣ шудааст, омадааст: «Матбуот бояд аз истифодаи мафҳумҳои муғризона ё пастзанандаи мансубияти миллӣ, ранги пӯст, эътиқоди динӣ, ҷинс, мансубияти шахсии ҷинс, нуқсони рӯҳӣ ё дигар норасоиҳои ӯ худдорӣ намояд. Аз ҷузъиёте худдорӣ намудан лозим аст, ки ба мансубияти миллӣ, ранги пӯст, эътиқоди динӣ, мансубияти ҷинсии ягон нафар шахси воқеӣ ё норасоии рӯҳӣ, ё нуқсонҳои ӯ ишора мекунад, агар онҳо ба воқеаҳои тасвиршаванда робитаи бевосита надошта бошанд».
Овардани ин Кодекси ахлоқи журналистӣ дарак аз он медиҳад, ки карикатураҳои тасвиршуда дар журнали Шарле Ҳобде дур аз ахлоқи журналистӣ мебошанд.
Ман розӣ будам, агар муаллифони карикатураҳо худи баъзе мусулмонони фасодзада ва ё баъзе масҷиду дигар муассисаҳои исломӣ, ки имрӯзҳо ба амалҳои шоистаи танқиду ҳаҷвбударо мавриди танз қарор медоданд. Аммо ба шахсияти Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ҳаҷву мутоибаро истифода бурдан амали ғайрикасбии журналист мебошад. Таҷрибаи талх нишон дод, ки як карикатура чӣ қадар доғи фоҷиаро боқӣ гузошт: Нахуст, мавриди террор қарор гирифтани худи идораи журнали Шарле Ҳебдо ва сониян таркиш дар масҷиди мусулмонони шаҳри Париж. Магар оқибати носанҷидаи як кариатура, ки ба даҳҳо кушта оварда расонид, рисолати журналистика аст? Ҳаргиз на! Таҳқири шахсияти паёмбарон, аз ҷумла Муҳаммад (с), Исо, Мӯсо, Довуд ва садҳо пайғомоварони муқаддас дар тамоми намуди динҳои рӯйи дунё ҷоиз шуморида намешавад. Ҳарчанд ин паёмбарон ҳазорҳо сол пеш аз дунё гузаштаанд, имрӯза проблемаҳоро тариқи ҳаҷву таҳқир ба сари паёмбарон бор кардан амали хеле ноинсофона ва хусусан аз ҷониби журналистон вайрон кардани ахлоқи касбӣ мебошад, ки мутаассифона, ин Кодекси ахлоқи журналистӣ дар идораи маҷаллаи Шарле ба инобат гирифта нашудааст. Бо як сухан, карикатураҳои эшон таҳқири маҳзи эътиқоди динӣ аст, ки хилофи касбияти журналистӣ мебошад.
Агар касе даъво кунад, ки озодии сухан ва озодии баён аст, як чиро бояд ба назар гирифт, ки озодии сухан — ин озодии таҳқир нест. Тавре баъзе аз журналистон дар изҳороташон тариқи матбуот амали карикатуристони маҷаллаи Шарде Ҳобдеро озодии сухан унвон кардаанд, мутаассифона, ба инобат нагирифтаанд, ки объекти танзи маҷаллаи мазкур на ҳаҷву мутоиба буда, балки таҳқири ошкоро аст. Бо изҳори таассуф метавон гуфт, дар баъзе расонаҳои хабарии баъзе кишварҳои Аврупо озодии сухан сӯистифода шуда, касбияти журналистӣ як сӯ монда, комилан этикаи касбӣ фаромӯш шудааст. Яъне, ҳар таҳқиру тавҳине, ки ба даҳон рост меояд, он озодии сухан нест. Зеро ҳама чиз чаҳорчӯба ва сарҳади худро дорад, аз ҷумла озодии баён.
Террор ва куштор дар Париж: Таги коса нимкоса
Бо овардани гуфтаҳои болоӣ ман ҳеҷ гоҳ аз амали террористоне, ки ҷони 12 нафарро талаф карданд, ҷонибдорӣ наменамоям. Зеро соҳиби ҷон Худованд аст ва танҳо Ӯ ихтиёрдору соҳибияти ҷонро дорад. Ягон кас аз номи Ислом, масеҳият, бутпарастӣ ва ғайра динҳо ҳақ надорад, ки ягон нафари дигарро маҳкум ба марг намояд. Тавре дар урфият мегӯянд, «миллати бад нест, аммо инсони бад вуҷуд дорад». Аз ин рӯ, нафаре, ки даст ба террор задааст, на фақат мусулмон нест, балки ӯро инсон ҳам наметавон унвон кард.
Як нуктаи бисёр муҳим аст, ки ҳеҷ террорист наметавонад бидуни доштани ҳаммасалак ва ё ёрманди тавоное даст ба террор занад. Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки террори дар Фаронса рухдода аз сӯйи дигари хеле қавӣ ва ғайриисломӣ маблағгузорӣ шуда, маҳз ба хотири равған рехтан ба оташи танишҳои қавмӣ ва барандохтани иғво байни мусулмонон ва масеҳият созмон дода шудааст. Мутаассифона, дар олами Аврупо ин амали ғайриинсонӣ ва террористиро ба сари тамоми мусулмонон бор карданд ва бо ин роҳ Ислом дар андешаи тамоми инсоният як заминаи куштору ваҳшоният ба ҷилва даромад. Бешак, онҳое, ки дар паси парда ба сифати режисёрҳои ин куштор истода буданд, ба мақсади нопокашон расиданд. Аммо касе аз таҳлилгарони Ғарб афсӯс нагуфт, ки террорист мусулмон нест, нагуфт, ки террорист инсон нест. Афсӯс, ки дар минбарҳои баланди давлатдории бисёр кишварҳои Аврупо ин нукта садо надод. Баръакс, ҳама аз олами Ислом домангир шуданд. Аммо касе аз таҳлилгарони олами Аврупо ишора накард, ки сарчашмаи низоъи бархоста ҳамон карикатураҳои ноогоҳона ва таҳқиромез аст, ки ба тамоми имрӯза балоҳои гардишхӯрандаи олами Аврупо ва аҳли Ислом сабаб шудааст. Ин аст, ки дар наворҳо чеҳраҳои ниқоргирифтаи ҷавононеро мебинем, ки худи ҳозир қодиранд хуни мусулмонеро биошоманд ва ё ҷавони мусулмони аврупоиеро мебинем, ки омода аст ҷони ҳазорон нафар аврупоиро бигирад. Албатта, ин оқибати бад аст ва мутаассифона, аллакай кор аз кор гузаштааст.
Афроде, ки даст ба ин ваҳшоният заданд, хилофи гуфтаи Қуръон амал кардаанд. Бовар дорам, дар ягон ҷои ин китоби осмонӣ гуфта нашудааст, ки ба қатли ом даст зада, заминаи бадбинии мазҳабии ду қавмро поя гузоранд.
Онҳое, ки дастандоркорони терроризми шаби 7-уми январи соли ҷорӣ дар Париж мебошанд, на мусулмон ва на инсон ҳастанд. Балки як тӯдаи ваҳшиёне мебошанд, ки сабаби низоъҳои минбаъда, гирдиҳамоиву соатҳову рӯзҳои дароз бекор мондани мардуми зиёд ва сахттар аз ҳама, сабабгори бадбинии қавми масеҳиву мусулмон шуданд.
Тасмими кишварҳои дигар
Вакили маҷлиси вилоятии Санкт-Петербург Виталий Милонов аз Комитети назорати умумироссиягӣ даъват ба амал овард, ки журнали Шарле Ҳобде дар қатори адабиёти экстремистӣ дароварда шуда, воридоти вариантҳои тарҷумашудаи ин маҷалла ба сарҳадоти Русия манъ карда шавад. Ин тасмим аллакай дар амал татбиқ шуд.
Суди олии кишвари Туркия тасмимашро ба муқобили маҷаллаи Шарле Ҳобде баён дошта, хондан, фурӯхтан ва паҳн кардани ин маҷалларо дар қаламрави кишвараш мамнӯъ эълон кард. Инчунин, Папаи Рим Франсиск дар зиёрати маъбади Шри-Ланка амали журналистони Шарле Ҳобдеро дур аз ахлоқи диндорӣ дониста, гуфт:
— Ҳаргиз эътиқоди дигар динҳоро таҳқиру мазаммат накунед, ҳаргиз дигар динҳоро таҳқиромез мавриди масхара қарор надиҳед, ки оқибаташро дар амали кори журнали Шарле ҳамаи мо дидем!
Ин хабар тариқи Оҷонси иттилоотии «Рейтерс» ба тамоми олам паҳн шуд, ки як тозиёнаи танқид ба амалдорони олами масеҳии Аврупо буд.
Ин ва дигар мисолҳо дарак аз он медиҳанд, ки худи ҳукумати Фаронса тасмимашро нисбати ВАО-и кишвараш бояд ҷиддӣ бигирад ва ҳушдор диҳад, ки ахлоқи касбии журналистӣ дар сар то сари Фаронса ба инобат гирифта шавад. Вагарна, тасмимҳои ҷиддитар аз инро аз кишварҳои олам интизор хоҳад буд.
Тақозои фарҳанги қадимаи Фаронса ва одоби исломиёна
Мардуми Фаронсаро ҳамаи мо ҳамчун мардуми тамаддунофар, таҳаммулпазир ва дорои одоби махсус медонем. Аз ин хотир, бовар дорам, мардуми шарифи Фаронса дар тасмимҳояшон барои минбаъд ба танишу ташаннуҷҳо роҳ намедиҳанд ва ба иғвоҳои берунае, ки имрӯзҳо ба сарашон омадааст, дода намешаванд.
Дар баробари ин, олами Ислом ҳамчун як парваришгоҳи рӯҳии муқаддас ва тозаву беолоиш шинохта шудааст. Имрӯзҳо дар Фаронса ҳудуди 20 миллион мусулмон зист доранд. Итминон дорам, ки дар ҳар амалкардашон мусулмонони ин кишвар ба ақидаҳои поки Қуръон такя карда, сабру таҳаммулро пеша менамоянд.
Дар қатори ин, итминон дорам, ки ҳукумати кишвари Фаронса дар озодии сухан ва озодии баёни журналистикаи ин давлат чаҳорчӯбаи этикаи касбии журналистиро ҷорӣ ва риояи онро талабу назорат менамояд. Вагарна, агар ҷонибҳо ба иғво дода шаванд, ояндаи Фаронсаро торик ва вазъияи сиёсиву иҷтимоияшро нобасомон метавон дид.
http://faraj.tj/security/7847-zhurnalistika-va-terrorizm.html