Журналист ва публитсист Исо Раҳим аз олам даргузашт

Журналисти маъруфи тоҷик, шоир ва публистисти шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исо Раҳим дар манзили худ, дар ҳалқаи пайвандонаш дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. 

Дар таъзияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки ҳамин лаҳзаҳо расонаӣ шуд, омада: “Дар солҳои ҳаштодум-даврони авҷи рушди саноати Тоҷикистон Исо Раҳим ба ҳайси хабарнигор, мудири шуъбаи нашрияи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бо очерку мақолаҳои пурмуҳтаво ба дили хонанда роҳ ёфт.

Хати сурхи эҷодиёти Исо Раҳимро –инсон ва корномаи меҳнатии ў ташкил медод. Ашъори дилангези Исо Раҳим неруи созандагӣ, раванди эҳёи ҳаёти деҳот, шуҷоату мардонагии коргару деҳқонро васф мекард. Чун мураббӣ ва устоди журналистика ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастиву поккорӣ тарбия мекард”.

Исо Раҳим дорандаи  медали Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон буда, муаллифи китобҳое бо номҳои  «Ситорапар», «Шираи борон», «Хокдони ишқ» ва ғайра мебошад.

Вай муаллфи бештар аз ҳазор мақолаву очерку лавҳа мебошад, ки муддати 40 соли фаъолияташ дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (“Ҷумҳурият”) чоп кардааст.

Ҳайати эҷодии ТojNews ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз даргузашти нобаҳангоми ҳамқалам, устод ва инсони шариф Исо Раҳим адуҳгин буда, ба эшон хонаи ободи охират ва ба бозмондагонашон сабри ҷамил мехоҳад.

Ҷанозаи марҳум имрӯз баъди намози пешин дар масҷиди деҳаи  Муғулон, воқеъ дар наздикиҳои рустои Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.

http://www.tojnews.org/tj/news/zhurnalist-va-publitsist-iso-rakhim-az-olam-darguzasht

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *