Зевар Давлатова, директори муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, кормандоне, ки соли гузашта аз телевизиони «Сафина» аз кор рафта буданд, ин хоҳиши худи онҳо буд, на ин ки ӯ онҳоро аз кор пеш кардааст.
Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ӯ гуфт, ки бештари кормандони шабакаи телевизиони «Сафина» ба хотири таъсиси ду шабакаи давлатии «Синамо» ва «Варзиш» ин шабакаро тарк намуданд, ки барои онҳо пешниҳоди кор дар ин шабакаҳоро карда буданд.
«Азбаски ду шабакаи нав «Синамо» ва «Варзиш» таъсис дода шуд ва шумо медонед, вақте шабакаи нав таъсис ёбад, ҳар кас кӯшиш мекунад, ки беҳтаринҳоро ба кор даъват кунад ва ҳамин тавр ҳам шуд, беҳтаринҳоро ба кор даъват карданд. Шояд барои онҳо шароити беҳтаре пешниҳод карданд, ки онҳо барои кору фаъолият ба дигар шабакаҳо рафтанд. Вале ин бо хоҳиши шахсии худи онҳо буд, яъне онҳо бо хоҳиши худ аз кор рафтанд. Ростӣ, худи ман он вақт дар мавриди ин сару садоҳо ҳайратзада шуда будам»,-мегӯяд раҳбари телевизиони «Сафина».
Ёдовар мешавем, ки соли 2015 ҳангоме, ки Зевар Давлатова директори Телевизиони Сафина тайин шуда буд, гурӯҳи 50-нафараи кормандони телевизиони «Сафина» тарки кор карда буданд, ки сабабшро кормандони муассиса ба онҳо имконияти кор надодан, маҳдудиятҳо ҷорӣ кардан аз ҷониби раҳбари нави муассиса хонад буданд.