Зарурати таъсиси сандуқе вижа барои ҳимоят аз хабарнигорон

[b]Теъдоде аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва хабарнигорони мустақил дар сададанд барои ҳимояти ҳуқуқии худ дар додгоҳҳо як сандуқи изтирорӣ таъсис диҳанд.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ), рӯзи панҷшанбеи 26 май дар ҳамоише бо номи “Дастрасӣ ба кумакҳои ҳуқуқӣ” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар пайи афзоиши қазияҳои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо зарурати таъсиси чунин сандуқе ба миён омадааст.

Оқои Қаршибоев афзуд, ки феълан дар додгоҳҳои Тоҷикистон 8 парванда дар қиболи нашрияҳои мустақил ва хабанигорон баррасӣ мешавад ва бештари хабарнигорон ва расонаҳои мустақил имкони пардохти ҳаққи хидмати вакили мудофеъро надоранд.

Ҳамчунин, ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ”, муддати 7 моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад ва зану фарзандонаш ба кумакҳои молӣ шадидан ниёз доранд.

Зимнан, оқои Исмоилов ҳафт моҳ пеш дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, боздошт шуда ва аз сӯйи мақомоти додситонӣ ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст.

Аммо масъулони АМРМТ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ дар шимоли Тоҷикистон муртабит хондаанд.

Ҳамчунин, Алиҷони Муҳаммад, хабарнигори дигари мустақил аз шаҳри Душанбе, ахиран дар пайи як баҳси шаҳрвандӣ перомуни хариду фурӯши манзил аз сӯйи мақомоти интизомӣ боздошт шудааст.

Ҳамчунин, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ахиран фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиоти рӯзноманигорӣ, як созмони рӯзноманигориро, ки муассиси нашрияи «Пайкон» аст, мутаваққиф карда ва нашрия низ аз чоп мондааст.

Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки дар сурати таъсиси Сандуқи изтирорӣ барои ҳимояти ҳуқуқӣ аз расонаҳо ва хабарнигорон мумкин аст дар канори пардохти ҳаққи хидмати вукалои мудофеъ ба хонаводаҳои хабарнигорони боздоштшуда низ кумакҳои молӣ ироа шавад.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, АМРМТ ҳамасола ба ин манзур 1800 дулор ихтисос медиҳад, ки ин маблағ ночиз буда ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи расонаҳо ва хабарнигорон дар додгоҳҳо кифоят намекунад.

[b]Имкони дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқии ройгон[/b]

Зулфиқор Замонов, раиси Шӯрои назоратии Идораи ҳуқуқи башар ва риъояти қонуният дар Тоҷикистон, гуфт, ки моддаи 19-и Қонуни Асосӣ ироаи кумакҳои ҳуқуқии ройгон ба атбоъи ин кишварро замонат додааст.

Ба гуфтаи вай, бар асоси ин санад, давлати Тоҷикистон муваззаф аст хадамоти ройгони вакили мудофеъро барои намояндагони ақшори фақири ҷомеъа дар додгоҳҳо таъмин кунад.

Ӯ таъкид кард, ки бархе аз нашрияҳо ё хабарнигорон, ки имкони молии гирифтани вакили мудофеъро надоранд, метавонанд аз ин ҳаққи худ истифода кунанд.

Аммо бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақил, ки таҷрубаи муҳокимаҳои додгоҳиро доштанд, истифода аз хидмати ройгони вакили мудофеъро дар ҳалли қазоёи додгоҳӣ ғайримуассир хонданд.

Онҳо гуфтанд, ки таҷрубаи муҳокимаҳои додгоҳӣ ҳокист, ки кайфияти кумаки ҳуқуқии ройгони вукалои мудофеъ пойин буда ва ба таври фаврӣ ироа намешавад.

Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, нашрияи мустақил, гуфт, ки аз ин лиҳоз ба ҳангоми муҳокимаи додгоҳии ин нашрия аз хадамоти ҳуқуқии пулӣ истифода шуда ва ҳаққи хидмати вакили мудофеъро Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон пардохтааст.

Ҳамзамон, раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ гуфтанд, ки бештари вукалои мудофеъ аз ҳимояти ҳуқуқии нашрияҳои мустақил дар додгоҳ бо баҳонаҳои мухталиф худдорӣ мекунанд ва «танҳо чанд нафари нотарс» назири Иноят Иноятов, Қимат Розиева, Солиҷон Ҷӯраев ва Қаюм Юсуфов, ба ҳимоят аз расонаҳои мустақил дар додгоҳҳо розӣ шудаанд.

Қимат Розиева, вакили мудофеъ, гуфт, ки ба ҳангоми баррасии парвандаҳои нашрияҳои мустақил дар додгоҳҳо на танҳо рӯзноманигорон, балки вакилони мудофеъ низ таҳти фишори мақомоти давлатӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон, хонуми Розиева таъкид кард, ки дар сурати муттаҳид шудани рӯзноманигорон ва талошҳои муштараки вукалои мудофеъ, хабарнигорон, расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар қазоёи додгоҳӣ ба пирӯзӣ даст ёфтан мумкин аст.

Ӯ ба унвони мисол аз даъвои се додрас бо Солиҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ ва нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Фараж” ва “Озодагон” дар соли ҷорӣ ёдовар шуд, ки ба таври мусолиматомез ҳал шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110526_mm_press.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *