Рӯзи 3 майи соли ҷорӣ хабаргузории «Озодагон» ба фаъолият шурӯъ кард. Раҳбарии ин хабаргузориро Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» ба дӯш дорад. Хабарнигори нашрияи «Миллат» дар ин росто бо Зафари Сӯфӣ сӯҳбате дошт.
— Зафар, мо дарак ёфтем, ки оҷонсии иттилоотии «Озодагон» ба фаъолият шурӯъ кардааст, воқеан дар рӯзи ҷаҳонии озодии баён инро чун як падидаи нек арзёбӣ мекунем ва лутфан бигӯед, ки ҳадаф аз роҳандозии ин хабаргузорӣ дар чист?
— Ҳадаф аз роҳандозии оҷонсии иттилоотӣ, на фақат аз ин оҷонсӣ фикр мекунам, ки аз ҳамагуна расонаҳои хабарӣ пеш аз ҳама расондани хабар аст. Мо бар ин натиҷа расидем ва ду сол мешавад, ки дунболи он будем, ки хабаргузорие дар кишвар фаъол шавад, то фазои иттилоотии кишвар аз он пур шавад. Худоро шукр, ки ба он ҳадаф даст ёфтем ва имрӯз ин хабаргузорӣ расман ба фаъолият шурӯъ кард.
— Медонем, ки ба роҳ андохтани як хабаргузорӣ як кори хело душвор ва масъулияти гарон аст, нирӯ, маблағ ва маъош барои кормандон мехоҳад. Шумо ягон манбаи молиявӣ доред ё ҷустуҷӯ мекунед, ки ҳамин кор густурдатар ва доиман бошад?
— Инро бояд бигӯям, ки Худованд бузург аст ва ба ин ҳеч кас шак надорад ва рӯзирасон худи ӯст. Вақте ки коре шурӯъ мешавад табиист, ки як шахс барномарезиҳоеро бояд анҷом диҳад. Мо барои як соли хабаргузорӣ масрафро дар назар гирифтаем. Яъне маблағи яксолаи таъмини кормандон ва ин хабаргузориро дар даст дорем. Соли оянда Худованд бузург аст. Умед аст, ки фаъолият беҳтар шавад, зеро ин ҷо таблиғ ва дигар корҳое ҳастанд, ки метавонем маблағ ба даст биёварем. Дар мавриди молӣ ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамон тавре нашрияи «Озодагон» аз назари молӣ мутааллиқ ба Зафари Суфӣ буд, ин хабаргузорӣ низ ҳамин тавр аст, аммо ҳамчун расонаи хабарӣ моли мардум аст.
— Дар ин хабаргузорӣ киҳо фаъолият хоҳанд кард?
— Фелан фақат метавонам сармуҳаррири оҷонсиро барои шумо муаррифӣ кунам, ки яке аз рӯзноманигорони варзида, Хилватшоҳи Маҳмуд аст. Ба ҷуз ин дар бахши тоҷикӣ панҷ нафар ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва дар бахши русӣ ду нафар кор мекунанд.
— Чӣ сабаб шуд, ки Шумо ҳамзамон бахши русиро таъсис додед?
— Воқеан, агар гӯям, ки бахши русӣ як ҳолате мешавад гуфт, ки нохун задани баъзе хабарҳо ба эҳсоси миллии мо буд, дурӯғ нагуфтам. Чун моро ҳамеша гуфтаанд, ки дар бахши ҷанги иттилоотӣ бохтем ва аммо дар ин замина касе кори ончунонае накард. Мо ҳам намегӯем, ки кори ончунонае мекунем, балки кӯшиш мекунем, ки дар ин росто коре карда бошем. Вақте дигарҳо бо забони дигар ба мо ҳуҷум мекунанд, мо гарчи дар дохил бо забони худамон гӯем, барои худамон гуфтаем. Ба он хотир ба забони русӣ ва шояд дар моҳи наздик бахши узбакӣ ҳам фаъол шавад, фақат ба он хотир, ки дар мавриди он таҳоҷуми иттилоотие, ки нисбати кишвар ва махсусан ба нисбати манофеи миллӣ ва номусу нанги миллат вақте беэҳтиромӣ мешавад ва ё як нафар аз шаҳрванди моро касе таҳқир мекунад, мо дар баробараш ба забони ҳамонҳо дар доираи қонун ҷавоб бигӯем. Ҳадафи аслии мо ҳамин аст. Ин ки мо масалан хабаррасонӣ бикунем ва барои онҳо фазосозӣ бикунем, ба забони онҳо табиист, ки бо он имкониятҳое, ки мо дорем мушкил аст. Дар сурате ки дигарҳо имкониятҳои бештар доштанд, махсусан ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон хело ҳам имкониятҳо доштанд. Метавонистанд ин корро бикунанд ва аммо накарданд ва намедонам иллаташ дар чист? Инро бояд аз онҳо пурсид, ки чаро накарданд, дар сурате ки вазифаашон ин буд, ки он корро бикунанд. Мо ҳоло ба унвони шаҳрванди кучактарин мекӯшем то хидмаде, ки метавонем бикунем. Албатта, танҳо ин ман нестам ва гурӯҳе аст, ки дар нашрияи «Озодагон» буданд. Ҳоло бошад омада ду тим шуданд ва ду командае, ки мехоҳанд дар ин росто ҷавоб бигӯянд, ба он лаҳне, ки онҳо гуфтаанд. Бигирем ҳамон тоҷикеро, ки сарашро буриданд. Дар дохил зиёд навиштем, аммо кадом рӯзноманигори мо ба забони русӣ чизе навишт, ки арзандаи вокунише бошад? Манзур ин аст. Ё вақте кишвари моро таҳқир мекунанд ё мегӯянд бояд Роғун насозанд. Ё хабари охироне, ки гӯё Бин Лодан зинда аст ва дар Бадахшон аст, ки ин таҳқири миллат аст. Дар чунин мавридҳо мо иншоаллоҳ вокуниш нишон хоҳем дод.
— Хеле хабаргузориву расонаҳо умрашон хеле кутоҳ будааст. Оё метавонӣ бигуӣ, ки ин хабаргузорӣ дарозумр ва муваффақ хоҳад буд?
— Мо талоши худамонро хоҳем кард. Ин ки фарз кардем барои як сол аз назари молӣ таъмин аст. Вақте аз назари молӣ таъмин аст ва буҷааш мушаххас аст, ин як сол муҳлати кӯтоҳе ҳам нест. Иншоаллоҳ, умедворем, ки муваффақ хоҳем шуд. Бояд бигӯям нияти мо холис аст ва танҳо хидмат кардан аст.
— Шумо, ки як журналисти ошкоргӯ ва сахтгӯ ҳастед бигӯед, ки оё маъоши кормандони расона чанд аст ё сирри идоравист?
— Дар ҳар сурат эълон кардани маъоши командон кори хубе нест. Ҳаминро бояд бигӯям, ки моҳонае барои бачаҳо дар назар гирифтаем, фикр мекунам, барои рӯзгор ва таъмини зиндагияшон басанда аст, ки онҳо ҳозир шудаанд, то кор кунанд.
— Зафар, барои шумо ва барои тамоми кормандони ин хабаргузорӣ барору комёбӣ мехоҳем.
— Муваффақ бошед!