Ин маротиба маҳфил ба 80 солагии журналисти шаҳид, собиқ хабарнигори рӯзномаи «Правда», «Известия» дар Осиёи Марказӣ, собиқ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқ раиси зеркомиссияи Комиссияи Оштии Миллӣ-Отахон Латифӣ бахшида шуд.
Дар оғоз профессор Иброҳим Усмонов баромад карда, дар мавриди ҷойгохи Отахон Латифӣ дар фарҳанги тоҷик суханронӣ намуд.
Баъдан собиқ вазири фарҳанги ҶТ Нур Табаров, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Абдунабӣ Сатторзода, нависанда Абдурофеъ Рабизода, коршиносони тоҷик Султон Ҳамад, Саймиддин Дустов, Саидҷалол Саидов, Насибҷон Амонӣ сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб ва дигарон суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақши Отахон Латифӣ дар журналистикаи тоҷик изҳори назар намуданд.
Маҳфили мазкур дар ҳамкорӣ бо созмонҳои журналистии кишвар баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки Отахон Латифӣ сентябри соли 1998 дар даромадгоҳи хонааш ба қатл расонида шуда буд. Гарчанд қотилони Отахон Латифӣ дар ҷараёни тафтишот маълум шуда буданд, аммо то ба ҳол фармоишгарони ин куштор маълум нагардидаанд. Новобаста аз хизматҳои зиёди Отахон Латифӣ то ба ҳанӯз дар шаҳри Душанбе на кӯчае ва на мактабе ба номи ӯ гузошта нашудааст.