Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва ҳафтномаи «Омӯзгор» барои ду сол аҳди ҳамкорӣ карданд.
Ҳафтаномаи “Омӯзгор”-и Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон “Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо дар самти рушди худтанзимкунии ВАО”-ро ба имзо расониданд.
Дар ин бора Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО ба ТоjNews иттилоъ дод.
-Ин Ёддошт имрӯз 1-уми феврал аз ҷониби мо бо Нуралӣ Ноилшоев, сармуҳаррири ҳафтномаи “Омӯзгор” ба имзо расид. Дар асоси ин санад ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи кишвар, санадҳои ҳуқуқии дохилии идоравӣ ба асосӣ усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ҳамкорӣ мекунанд, — мегӯяд Қироншоҳ Шарифзода.
Дар ин Ёддошт омадааст, ки ҳаҷму андоза, шакл, фаъолият ва меъёрҳои ҳамкории ҷонибҳо баҳри татбиқи “Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо дар самти рушди худтанзимкунии ВАО”, ки бо таври муколламаву машваратҳои мунтазам, муаяйн гардидаанд, ҷараён меёбад.
Мӯҳлати ин ҳамкорӣ ду сол пешбинӣ шуда, ин аввалин Ёддошти Шӯрои ВАО бо ҳафтаномаҳо аст.
Қироншоҳ Шарифзода, мегӯяд, -ташаббуси Ёддошти ҳамкориҳо ба ҳафтаномаҳои дигар ҳам пешниҳод шудааст, аммо айни ҳол мавриди омӯзиш қарор доранд. Ин ҳамкорӣ дар назар аст бо нашрияҳои минтақавӣ низ ба роҳ монда шавад.
http://www.tojnews.org/yoddoshti-tafohum-miyoni-shuroi-vao-va-omuzgor