Имрӯз дар факултети Журналистикаи ДМТ баҳри сипоси хотири шодравон, Отахон Латифӣ, публитсист ва журналисти машҳури тоҷик ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он устодону донишҷӯёни факултети Журналистика ширкат намуда, хотири Отахон Латифиро гиромӣ доштанд.
Дар ин ҳамоиши ёдбуд нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод нависанда ва драматург, Абдурофеъ Рабеъзода ширкат ва суханронӣ карда, шахсият ва ҳайсияти Отахон Латифиро ҳамчун рӯзноманигор ба донишҷӯён бозгӯ намуданд. Зикр шуд, ки зиндагинома ва осори Отахон Латифӣ аз ҳама ҷиҳат ба журналистони ҷавону оянда омӯзандаву ибратбахш аст.
Ҳамзамон, дар маҳфил ёдовар шуд, ки Отахон Латифӣ ба ҳайси асосгузори мактаби навини журналистикаи тоҷик боҷасорат ва бепарда мушкилоту муаммоҳои Тоҷикистонро дар рӯзномаҳои умумииттифоқӣ масъалагузорї мекард. Матлабҳои Латифӣ бо сабку услуби махсус иншо шуда, аз нигоштаҳои дигар ҳамкасбон фарқ доштааст.
Отахон Латифӣ 18 марти соли 1936 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Панҷакент соли 1954 хатм намуда, худи ҳамон сол ба техникуми электротехникии шаҳри Тошканд дохил мешавад ва онро соли 1957 ба итмом мерасонад. Ӯ дар рӯзномаҳои машҳури умумииттифоқии Шӯравии собиқ «Комсомолская правда», «Правда», «Известия» фаъолият намуда, бо навиштаҳояш дар шиносонидан ва боло бурдани ному мақоми Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
http://faraj.tj/news/12735-edbudi-otahon-latif1251-dar-dmt.html