Ёдбуди ҳуқуқшиноси АМВАОМТ дар вилояти Хатлон, Сулаймон Султонов

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа бо якҷоягии иттифоқи касабаи кормандони Воситаҳои Ахбори Оммаи вилояти Хатлон ёдбуди ҳуқуқшинос Сулаймон Султоновро баргузор кард.

Сулаймон Султонов, ки дар гузашта дар мақомоти қудратӣ кор мекард ва панҷ соли охир дар вазифаи  Ҳуќуќшиноси Маркази дастгирии ҳуќуќии  ВАО ва журналистони Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа буд, ҳудуди як соли пеш риҳлат кард. Ёдбуди марҳум рўзи мавлудашон — 9 май баргузор карда шуд.

Дар маросими ёди ӯ фарзанд ва наздикон, дӯстон ва ҳамкоронаш ташриф доштанд, ки дар мавриди кори арзандаи ӯ дар мақомот ба унвони як њуќуќшинос  ҳарф зада ӯро ба некӣ ёд карданд.

Сулаймон Султонов дар мудати фаъолияти корияш ба ҳайси  машваратчӣ ҳуќуќшиноси  Маркази дастгирии ҳуќуќии ВАО ва журналистон дар шаҳри Қурғонтеппа ба даҳҳо хабарнигорони маҳаллӣ машваратҳои ҳуқуқӣ додааст ва дар баҳсҳои хабарнигорон, ки бо мақомот доштааанд, аз онҳо ҳимоят кардааст.

Иттифоқи Касабаи кормандони Воситаҳои Ахбори Оммаи вилояти Хатлон, ки бо кумаки молии Анҷумани воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон охири соли 2014 таъсис ёфтааст, тасмим дорад, ки аз ин баъд хабарнигоронеро, ки дар миёни мо нестанд, дар рӯзи милод, риҳлат ва ё ҷашнҳо ёд намояд.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *