Шарифи Мисайзод ҳам даргузашт. Бо ранҷҳо даргузашт, шояд аз сакта даргузашт, чун хеле замонҳо медонистам, ки шиква аз дил дошт. Дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ мешуд ва духтурони амрози қалб табобаташ мекарданд.
Хориҷ мешуд ва муддате пас мефаҳмидам, ки Шариф боз бистарист. Мегуфтам, ин Шариф модарзод сухандон аст, журналист аст.
Вай метавонист соатҳо бидуни танаффус барномаро барандагӣ кунад ва хастагиро ҳам эҳсос накунад. Дарёи шеър, дарёи рӯбоӣ, дарёи сухан буд.
Худо биёмурзадаш. Аз шунидани барномаҳояш ва садои ҷолибаш ҳич гоҳ хастагиро эҳсос намекардем.
Чун барномаҳояш ҷолиб буданд, мустақим пахш мешуданд, ровие буд, ки гузоришгари сарнавишти халқ.
Ҳар ҷо як чорабинӣ буд, Шариф гузориши мустақим дошт. Худ мегуфт, мусоҳибонашро назди телефон мехонд ва бо онҳо аз коргоҳе, базмгоҳе, ҷаласоте бо радио дар тамос мешуд. Хеле ширин мегуфт, ҳарфаш шуниданӣ ва боваркарданӣ буд.
Чун аз дил мегуфт. Ва ба ӯ бовар мекарданд ва шояд аз пурмухлистарин барандагони радио буд. Диктор набуд, ки аз коғаз ҳарфи омодаро хонад, балки гузоришгари озод буд ва ин мардум ба ҳарфи озод бештар эътимод доранд.
Дӯст медошт бо шунавандагонаш мустақим дар тамос бошад ва ин тамосашро ин миллионҳо шунаванди родиё ҳамзамон бишнаванд.
Шариф дӯст медошт, ки ҳарфаш ошкор бошад, ҳамагон бишнаванд, дардро мегуфт, мехост ҳама ин дардро ташхис кунанд. Дарди яке барои ҳамагон ва дасти дуои ҳамагон барои ҳалли мушкили он корафтода.
Шарифи азиз замоне аз олам рафт, ки нав ба синни паҷоҳ қадам мегузошт. Чӣ ормонҳоеро бо худ бурд, чӣ орзуҳое, ки амалӣ нашуданд.
Соли 2014 барои барномаи “Салому алейкум, диёрам!” сазовори ҷоизаи беҳтарин радиожурналисти сол дар озмуни “Ҷило” гардид. Тамоми умр дар радио кор кард, ҳатто ҳолатҳое, ки хеле барояш сахт буд, нахост аз кори радио даст шӯяд.
Даҳҳо нафарро медонам, ки дилашро озурдаанд, вале талош кард дили касеро наозорад. Ба маънои томаш зиёӣ буд.
Билохира бо он хорҳои халида дар дил олами моро тарк кард.
Руҳат шоду хонаи охиратат обод, эй бародари қаламкаш, эй ҳамқалами номурод, эй дӯсти миллионҳо шунавандаи радиои Тоҷикистон.
Баъди ту дар гӯши он миллионҳо садои туст, хотираҳо аз туст.
Бобоҷони Шафеъ
http://www.tojnews.tj/tj/news/yodat-ba-hayr-ey-kalamkashi-nomurod