Як соат дарси мардонагӣ (Гузориш ва аксҳо)

Гузориш аз ҷамъомади ҳамдиёрони Муродуллоҳ Шерализода дар деҳаи Кулолӣ

Саҳни мактаби ба номи Муродуллоҳ Шерализода ин субҳ ҷашнгоҳро мемонад. Хонандагони мактаб бо либосҳои ороста саф баста,  интизори меҳмонон буданд. Меҳмононе, ки ба хотири қадр кардани хотираи неки нафаре, ки ин мактаб ба номи ӯ гузошта шудааст, аз Душанбею Хуҷанд ва Панҷакенту Айнӣ  ва дигар минтақаҳои кишвар  ба деҳаи Кулолӣ-зодгоҳи ин шаҳиди роҳи озодӣ ба  ин ҷо омадаанд.

Кулолӣ ва атрофи он дар ин фасли некӯи баҳорон ҷаннатро мемонад. Атроф ҳама сарсабз, дар пуштаҳою куҳҳои атроф арчаҳои ҳазорсола, ки тифлию ҷавонӣ ва мардию мардонагии  ин абармардро ҳанӯз дар хотир доранд, баробари сокинони  ин деҳи кӯчаки Тоҷикистон низ  худро ороста, ҳамроҳ бо онҳо 70 солагии Муродуллоҳро ҷашн мегирифтанд. Дар як тараф пирони равшанзамири Кулолӣ, дар тарафи дигар ақрабои Шерализода, ки дар байнашон завҷаи эшон ва писарашон буданд, омадагонро пазироӣ мекарданд…

…Сухани ифтитоҳиро  5 май дар ҷамъомад бахшида ба зодрӯзи устод Муродуллоҳ Шерализода сардабири рӯзномаи  “Зарафшон”-нашрияи ҳукумати шаҳри Панҷакент, дӯст ва ҳамқалами эшон, рӯзноманигори варзида Луқмонҷон Қурбонов  оғоз намуд. Ӯ меҳмононро ба зодгоҳи устод хайрамақдам гуфта, ба созмондиҳандагони ин маҳфил, аз ҷумла, муаллимону хонандагони мактаб  арзи сипос намуд.  Сипас, раиси шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зиёзода Ислом Шафеиён  дар бораи фаъолияти ҷамъиятию сиёсии устод Шерализода ба таври муфассал маълумот дода, бо ёдоварӣ аз суханони Президенти кишвар нисбати ин абармард аз хонандагони мактаб хоҳиш намуд, ки мисли ҳамдиёри барӯманди худ ватандӯсту миллатпараст ва оқилу некхислат ба воя расанд. Ин дархости Шафеиёнро Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдуҳалим Ғаффоров тақвият додаистода, бештар арзи сипос аз он намуд, ки дар ташаккули Шерализода ҳамчун шахсияти барҷаста хизматҳои ҳамсари он кас Хосият бузург аст. Ғаффоров низ дар бораи шикастанафсӣ ва эҳтироми эшон ба ҳар як фарди одии ҷомеа нақл намуд ва таъкид кард, ки то имрӯз чунин як шахсияти хоксору заминиро вонахӯрдааст. ”Муродуллоҳ фарде буд, ки рафтораш  ба  гуфтораш сад андар сад мувофиқат менамуд ва барои насле, ки имрӯз ба воя мерасад, беҳтарин намунаи инсоният ва рафтору кирдори нек  аст”,-таъкид намуд вакили мардумӣ.

Пас аз ин, риштаи суханро  яке аз ҳамсафони Муродуллоҳ, собиқ сардабири ҳафтаномаи “Садои мардум”, ки устод  Шерализода яке  аз созмондиҳандагон ва аввалин сардабири он буданд, Мирзомаҳмуд Мирбобоев бадаст гирифт. Он кас оид ба  солҳои ҳамқаламии худ бо Муродуллоҳ  ва лаҳзаҳои хотирмони ин ҳамкориҳо ба ҳозирин нақл карданд. “Шояд қотилони Муродуллоҳ гумон карда буданд, ки бо ин амали қабеҳи худ ҷомеаро ба тарс оранд ва бо ҳамин ба мақсадҳои нопоки худ расанд, вале дар ин маврид онҳо сахт иштибоҳ карданд. Баръакс, мо ҳоло соҳиби кишвари соҳибистиқлол ва орӣ аз ҷангу ҷӯш гардидем, ки яке аз поягузорони он ки хуни худро дар ин роҳ рехтааст,  дӯст ва ҳамкори мо Муродуллоҳ Шерализода буданд”, хулоса намуд  Мирбобо

Яке аз муаллимони Шерализода, ки синнаш зери ҳаштод аст, Абдуқаҳҳор Нуралиев ба ҷамъомадагон хотироти худро оид ба давраи мактабхонии шогирди қобилу меҳнаткаши худ қисса карда, ҳамчун устод аз толибилмони имрӯза талаб намуд, ки мисли Муродуллоҳ Шерализода таҳсил кунанд ва номи баланди мактаби худро ҳеҷ гоҳ ба замин назананд.

Баъдан  чанд нафари дигар аз ширкаткунандагони ин маҳфили ёдбуд  вобаста ба зиндагиномаи ибратбахши устоди зиндаёд ба ҳозирин  қиссаҳо карданд. Намояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба ширкаткунандагони ин ҷамъомад аз созмон ёфтани як мукофоти ба номи Шерализода, ки ҳамасола дар рӯзи мавлуди эшон ба мақолаи беҳтарин дар мавриди инъикоси фаъолияти парлумони кишвар  дода мешавад, мужда расонд ва таъкид намуд, ки маблағи  мукофоти мазкур дар ҳудуди панҷ ҳазор сомонӣ аст. Ин ташаббуси Раиси Шӯрои муассисон ва мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур  бо чапакзаниҳо истиқбол гардид.  Ҳамчунин, хабар дар бораи нашри китоби хотираҳо оид ба зиндагинома ва фаъолияти меҳнатии Муродуллоҳ Шерализода, ки низ кори ҳайати эҷодии ин ҳафтанома мебошад ва иборат аз хотираҳои  ҳамсафону ҳамкорон ва дӯстону наздикони  ӯст, мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.

Дар хотимаи ин нишасти хеле хотирмон ва барои насли нав ибратбахш, ки дар оғӯши куҳҳои сарбафалаккашидаи зодгоҳи Муродуллоҳ Шерализода баргузор гардид, пайравони ҷавони устод, хонандагони мактабе, ки  бо Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ба номи ин рӯзноманигор ва сиёсатмадор гузошта шудааст, ҳунари шеърхонӣ ва сарояндагию нақшофариашонро намоиш доданд. Ин ҷамъомад барои онҳо боз як  соат дарсе буд, ки муаллимаш устод Муродуллоҳ Шерализода буданд. Як соат дарси мардонагию меҳанпарастӣ ва миллатдӯстию худафрӯзӣ…

Вақте ки зодгоҳи устодро тарк мекардем, андешае ба сарам омад, ки аз байни чунин мардуми хушсухану меҳрубон ва одамдӯсту бофарҳанг баромадани чунин як шахсияти бузург амри тасодуф нест, балки ҳодисаи муқаррарии табиист.  Зеро дар биёбони беоб  ҳеҷ гоҳ   дарахти мевадиҳанда нахоҳад рӯид…

http://www.pressa.tj/article/%D1%8F%D0%BA-%D1%81%D0%BE%D0%B0%D1%82-%D0%B4%D0%B0%D1%80%D1%81%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%80%D0%B4%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D0%B3%D3%A3-%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%88-%D0%B2%D0%B0-%D0%B0%D0%BA%D1%81%D2%B3%D0%BE

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *