Хуршеди Атовулло раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

Имрӯз, 4 ноябр Хуршеди Атовулло бо гирифтани аксарияти оро раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд.

Қабл аз ин масъулияти раҳбарии Шӯрои ВАО-ро Нуриддин Қаршибоев бар уҳда дошт. Нуриддин Қаршибоев дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО аз вазъи матбуоти мутақил нигаронӣ карда гуфт, 90 дарсади матбуоти мустақил гирифтори буҳрони молиянд.

Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналист. Ҳамчунин молики се нашрияи мустақил- «Фараж» «Самак» ва «Ману ту» мебошад.

Шӯрои ВАО ниҳоди худтанзимкунандаи Васоити ахбори Тоҷикистон буда, мақсадаш назорати меъёрҳои эътикаи касбии журналистика мебошад. Масъулияти раҳбарии ин созмони ҷамъиятиро қаблан, Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисиҷумҳур ва муасси Фонди «Гуфтугуи тамаддунҳо», Зинатулло Исмоилов, раиси телевизони «СМТ» ва Қироншоҳ Шарифзода, муассиси ташкилоти ҷамъиятии «Журналист», сармуҳаррири нашрияи «Ҷомеа»(ҳоло нашр намешавад) ва устоди Донишгоҳи миллӣ ба зимма доштанд.

http://www.pressa.tj/article/hurshedi-atovullo-raisi-shuroi-vao-intihob-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *