Душанбе, 18 — 19 марти соли 2014
Хулоса
Пазируфтани Тоҷикистон ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Савдо (СҶС) зарурати ҳатмии гузаронидани як зумра ислоҳотро дар соҳаҳои гуногун тақозо менамояд, ки барои рушди иқтисоди ватанӣ ва бозори миллӣ, аз ҷумла дар соҳаи савдои мол, хизматрасониҳо ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ кумак менамоянд.
Барои мусоидат дар татбиқи саривақтӣ ва манфиатбахши ин ислоҳот иштирокчиёни конфронс таъсиси гурӯҳи кориро таҳти сарпарастии Вазорати рушди иқтисод ва савдо тавсия медиҳанд. Ҳадафи асосии гурӯҳи мазкур таҳияи лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо баҳри татбиқи тавсияҳои зерин мебошад. Баъди анҷоми кор нақшаи кории таҳияшуда ба Шуро оид ба ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва иҷроиши минбаъда пешниҳод карда мешавад.
Тавсияҳо
Иштирокчиёни Конфронс тавсияҳои зеринро қабул карданд:
I Дар соҳаи телекоммуникатсия
Бунёди заминаҳои ҳуқуқиву ниҳодӣ шарти зарурӣ барои амалигардонии уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС дар мавриди хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ба ҳисоб меравад. Ин заминаҳо, аз ҷумла шартҳои зеринро тақозо менамоянд:
- Риояи реҷаи ниҳоят мусоид: роҳ надодан ба табъиз дар миёни аъзои СҶС.
- Риояи реҷаи (муқаррароти) миллӣ: роҳ надодан ба табъиз нисбат ба хизматрасониҳо ва дастраскунандагони хориҷӣ аз дигар кишварҳои аъзои СҶС.
- Таъмини кафолати рақобат: пешгирии ҳама гуна амали зидди рақобат дар соҳаи телекоммуникатсия.
- Таъсиси танзимгари мустақиле, ки аз ҳама дастраскунандагони хизматҳои телекоммуникатсионӣ ҷудо буда, тобеъи онҳо нест ва инчунин масъули назорат ва ё идораи ҳеҷ кадом аз дастраскунандагони хизматҳои асосии телекоммуникатсионӣ намебошад. Қарорҳо ва муқаррароти танзимгар нисбат ба тамоми иштирокчиёни бозор бояд холисона бошанд. Яке аз вазифаҳои мақоми танзимгар ҳалли баҳсҳо дар мавриди шартҳо ва нархҳои дахлдор барои алоқаҳои байнишабакавӣ дар давоми муҳлати муайян мебошад.
- Танзими тақсим ва истифодаи махзанҳои нодир. Ҳар як расмиёти марбут ба тақсим ва истифодаи махзанҳои нодир, аз ҷумла басомадҳо, саривақт дар асоси воқеият, шаффофият ва ғайритабъизона ба амал бароварда мешаванд.
- Кафолати дастраси умум будани шартҳои иҷозатнома: дар сурати талаб гардидани иҷозатнома, маълумоти зерин бояд дастраси умум бошад: а) тамоми шартҳои гирифтани иҷозатнома ва муҳлатҳои зарури қабули қарор дар мавриди дархости иҷозатнома ва б) шартҳои пешниҳоди ҳар як иҷозатнома. Сабабҳои радди пешниҳоди иҷозатнома бояд ба маълумоти дархосткунандаи иҷозатнома расонда шавад.
- Тасдиқи Аҳдномаи Иттиҳоди Байналмилалии Телекоммуникатсия (ITU) ва асноди вобастаи он аз ҷониби Тоҷикистон.
- Пайгири (мониторинг)-и иҷроиши уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС.
II Дар соҳаи телерадиошунавонӣ
Бунёди заминаҳои ҳуқуқиву ниҳодӣ шарти зарурӣ барои рушди соҳаи телерадиошунавонии озод, мустақил, гуногунназар ва аз нигоҳи иқтисодӣ солим дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ниҳоди мазкур аз ҷумла, ҳолатҳои зеринро бояд дарбар гирад:
- Таъсиси танзимгари мустақили телерадиошунавонӣ бо салоҳияти додани иҷозатнома, ки тасмимҳои он бояд: а) аз ҳукумат вобаста набошанд; ва б) мавриди шикоят ва баррасӣ аз тариқи судӣ қарор гиранд. Мақоми ҳуқуқӣ ва мустақилияти ин ниҳоди танзимкунанда бояд дар қонун муайян ва кафолат дода шавад.
- Таҳияи лоиҳаи қонуни нав оид ба телерадиошунавонӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ дар ин соҳа бо такя ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, уҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Тоҷикистон ва беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳонӣ.
- Танзими тақсими иҷозатномаҳои телерадиошунавонӣ дар доираи қонун бо муқаррароти дақиқ, воқеъбинона ва шаффоф, ки ба пешрафти гуногуншаклӣ ва гуногунандешӣ ва инчунин ба баррасии судии қарорҳо мусоидат мекунанд.
- Кафолати дастрасии одилона, шаффоф ва ғайритабъизонаи пахшкунандагон ба мултиплексҳо.
- Иваз намудани пахшкунандагони давлатӣ ба пахшкунандагони ҷамъиятӣ.
- Таъмини шароити баробари фаъолият барои пахшкунандагони хусусӣ ва ҷамъиятӣ.
- Таъмини ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мувофиқи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созишномаи СҶС оид ба Паҳлуҳои тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ (TRIPS).
III Гузариш ба пахши рақамӣ
Бинобар адами қонуни фарогири танзимкунандаи пахши рақамӣ ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ба озодии баён ва гуногунандешии расонаҳо, ҳадафҳои ниҳоӣ дар мавриди гузариш ба пахши рақамӣ бояд чунин бошанд:
- Таъсиси ниҳоди ҳамоҳангсоз таҳти сарпарастии Шуро оид ба ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳияи стратегияи амалигардонии пахши рақамӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамоҳангӣ ва ҳамкории байни операторони шабака, эҷодкунандагони муҳтаво, таъмингарони таҷҳизоти ниҳоӣ, тоҷирон, ассотсиатсияи истеъмолкунандагонро оид ба масоили пахши рақамӣ, аз ҷумла ҷадвалҳои гузариш, сохтори барнома, паҳлуҳои техникӣ ва сиёсатгузории (тадбирҳои) муштарӣ-меҳварро тақозо менамояд. Ниҳоди мазкур аз намояндагони созмонҳои номбурда иборат мебошад.
- Таъмини кафолати дастрасии аҳолӣ, аз ҷумла дастрасии ройгони аҳолии камбизоат ба пахши рақамӣ.
- Таъмини дастрасии ҳатмии озодонаи пахшкунандагони хусусӣ ба мултиплексҳо; ҳавасмандагардонии пахшкунандагони хусусии аналогӣ ҷиҳати ширкат дар ҷараёни гузариш ба пахши рақамӣ бо роҳҳои тавсеаи ҳудуди пахш, пешниҳоди иҷозатнома ба муҳлати бештар ва бекор намудани пардохти ҳаққи иҷозатнома.
- Таъмини амалии қарорҳо оид ба истифодаи дивиденди рақамӣ, ки дар натиҷаи рақамикунонӣ ҳосил мешавад, бо дарназардошти хусусияти ҷамъиятии он, таъсири иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии он ба ҷомеа. Ин қарорҳо бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор қабул карда мешаванд.
IV Истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ
Ба хотири мусоидат ба рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуногунназарии бахши аудиовизуалӣ, дар Тоҷикистон бояд талаботи иҷозатномадиҳӣ барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ, бинобар нодаркор ва мухолиф ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ буданаш бекор карда шавад.
http://www.wto.tj/ru/press-centr/news/315/