Дар фазои иттилоотии шаҳри Хуҷанд боз як шабакаи навтаъсиси телевизионии маҳаллӣ бо номи «7 ситора» намоишҳои озмоишии худро оғоз намуд.
Дар ин бора аз дафтарии матбуотии шаҳри Хуҷанд ба Faraj.tj иттилоъ доданд.
«Тибқи иттилои масъулони шабакаи нави телевизионӣ, давоми бештар аз як моҳ санҷиши техникӣ ва омодасозии телевизион ба фаъолияти мукаммал идома ёфта, телевизиони номбурда барои пахши намоишҳои шабонарӯзӣ 24 соат соҳиби иҷозатнома аст»,-афзуд манбаъ.
Манбаъ афзуд, 7 соат барномаҳои телевизиони мазкур истеҳсоли эҷодкорони ин расона буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда мешаванд.
Инчунин, баробари шурӯи фаъолияти ин телевизион, бештар аз 20 нафар ҳайати эҷодию техникӣ ба кори доимӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд ин ҳафтумин телевизиони мустақили маҳаллӣ ба ҳисоб рафта, баробари фарогирии 6 телевизиони давлатии сартосарии кишвар, 2 телевизиони ноқилӣ, телевизиони эфири ноқилии «АНТ» ва телевизиони шабакавии интернетии «ТТЛ-ТВ» ба сокинон хизмат мерасонад.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12797-khu-and-so-ibi-boz-yak-televizion-shud.html