Хонаводаи Мирсаидов 124 ҳазор сомонии давлатро пардохт кардааст

Хонаводаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори зиндонии тоҷик мегӯяд, ки ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро пардохтаанд ва умедворанд, ӯ ба зудӣ озод мешавад.

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброни хисорот ва ё пардохти пули зарар аз зиндон озод мешавад.

Дар баёнияи расмии хонавода, ки вакилони дифоаш рӯзи 16-уми июл нашр кард, омадааст, “Оилаи Хайрулло Мирсаидов ба фоидаи давлат 124 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ муайян карда шудааст, ворид намуд. Ин ба он маънӣ нест, ки Хайрулло Мирсаидов, оилаи ӯ ва вакилони дифо иттиҳоми расмӣ ба хабарнигорро эътироф менамоянд.»

Ба гуфтаи хонавода, “маблағи зиён бо арзиши озодии писарашон қобили муқоиса нест” ва барои ҳамин онҳо ҷубронро рӯзи 12-уми июл ба ҳисоби давлат пардохтаанд.

Хайрулло Мирсаидовро ҳафтаи гузашта додгоҳи Хуҷанд ба сохтакории санадҳо, пахши маълумоти бардурӯғ ва аз худ кардани пули давлат ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи додситонҳо, гӯиё Мирсаидов аз 300 ҳазор сомонӣ пули буҷетро, ки барои маҳфили ҳозирҷавонони Тоҷикистон ҷудо шуд, тақрибан 100 ҳазор сомониро гӯё «барои харҷҳои хусусӣ ва ғайримақсаднок» истифода кардааст. Худаш тамоми иттиҳомотро рад мекунад.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳорот дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ҳукми додгоҳро интиқод карданд. Хабарнигорон мегӯянд, амалкарди мақомот фишор ба хабарнигорон ва кӯшише барои маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Дар баёнияи вакилони дифои Хайрулло Мирсаидов ҳамчунин омадааст, ки хабарнигори тоҷик «худро аз рӯи ҳеҷ кадоме аз он моддаҳо гунаҳкор намешуморад» ва дар амалҳои ӯ ҳеҷ қонуншиканӣ вуҷуд надорад.

Вакилонаш ҳамчунин гуфтаанд, ки дар ҷараёни тафтишот мақомот ба хатогиҳои зиёде роҳ додаанд. Ба гуфтаи вакилони дифо, «ӯ ҳамчун хабарнигори дорои мавқеи устувор тасмим гирифт, ки нисбати ноадолатӣ ва қонуншиканӣ мубориза барад ва имрӯз ба чунин қисмат дучор омад».

Вакилони дифо гуфтаанд, ки аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд ва саъй хоҳанд кард, ки «зинаи болои қарори одилона содир намояд.»

https://www.ozodi.org/a/29367320.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *