Таҳлилгарони созмони ҷамъимятии «Хома» ба хулосае расидаанд, ки 49 дар сади аҳолии кишвар шабакаҳои давлатиро тамошо намекунанд, вале агар аз рўи рейтинг хулоса барорем, натиҷа зиёда аз 60 дар садро ташкил медиҳад.
«Хома» ин матлабро дар гузорише расонаӣ кард, ки таҳти унвони «Тадқиқоти бозори телевизионии Тоҷикистон» интишор шудааст ва муаллифонаш мегўянд «новобаста аз суръати инкишоф индустрияи рекламавии мамлакат дар маҷмуъ аз дигар мамлакатҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ қафо мемонад».
Аз сўи дигар рекламаи телевизионӣ аз кулли бозори рекламаи Тоҷикистон ҳамагӣ 25,7 дар садро ташкил додааст. Даромади аз ҳама калон аз ҳисоби реклама бештар ба шабакаҳои умумиҷумҳуриявӣ ворид мешавад, зеро онҳо фарогирии васеъи пахш доранд.
Бино ба ин гузориш телевизионҳои давлатӣ рўзе аз 10 то 2,5 соат пахши реклама доранд, телевизионҳои мустақил бошанд аз 2 то 25 дақиқа вақти худро сарфи пахши реклама мекунанд.
Ва нуктаи дигар: телевизионҳои мамлакат бо панҷ забон барнома пахш мекунанд: тоҷикӣ (65%), русӣ (32%) ва узбакиву инглисиву арабӣ, ки дар маҷмуъ 3 дар садро ташкил медиҳанд.
Хулосаи ин таҳқиқот, ки тибқи як лоиҳаи созмони ҷамъиятии «Хома» бо маблағгузории барномаи грантҳои хурди Комиссия оид ба рушди демократияи Сафорати ИМА роҳандозӣ шудааст, ахиран он дастгирии Намояндагии «Интернюс Нетуорк» дар Тоҷикистон чоп шудааст.
http://www.tojnews.tj/60-fisad-television-hoi-davlatiro-tamosho-namekunand