Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ду ҳафта аст, ки ба чопхонаҳо иҷозат намедиҳад, ки нашрияи иттилотиву сиёсии “Нигоҳ” нашр шавад.
Ба гуфтаи масъулони нашрия, ду ҳафта боз чопхонаҳо нашрияро чоп намекунанд, зеро аз Вазорати фарҳанг ба унвонии нашриёт нома омадааст, ки аз нашри он худдорӣ варзанд, то ҷарима нашаванд.
Котиби масъули “Нигоҳ” Абуалӣ Некрӯзов мегӯяд “аз Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг ба нашриёт расондаанд, ки то “Нигоҳ” аз нав ба ҳисоб гирифта нашавад, аз нашри он худдорӣ кунанд. Ин тасмими вазорат се ҳафта пеш гирифта шуда буд ва он замон вазири фарҳанг дар хориҷи кишвар қарор дошт. Баъди ин мо як шумораи дигар чоп кардем, аммо дар арафаи 8-солагии нашрия ба мо имкон надоданд, ки шумораи 420-уми нашрияро рӯи чоп биёрем. Ин амалҳои масъулони Вазорати фарҳанг хилофи қонун буда, чунин меъёр дар қонунгузорӣ мавҷуд нест ва ҳар ҳуқуқшиноси соҳа инро медонад”.
Ба гуфтаи масъулони нашрия, талош ва гуфтугӯҳои дуҳафтаинаи аъзои Шӯрои муҳаррирони “Нигоҳ” бо масъулини Вазорат, аз ҷумла бо вазир Шамсиддин Орумбекзода бидуни натиҷа анҷом ёфтааст, зеро дар вазорат сухан аз муҳтавои нашрия ва сензура мераваду аз нав баҳисобгирии ғайриқонунӣ баҳона аст.
Дар “Нигоҳ” бар онанд, ки “Шамсиддин Орумбекзода намефаҳмад, ки “қурбонӣ”-и ҳадафҳои зертобеинаш гардидааст, ки дар арафаи интихобот барои “тағо”-ҳояшон хидмат карда истодаанд”. Онҳое, ки тариқи суд натавонистанд чанд ҳафта пеш чопи мақолаҳоро манъ кунанд, акнун аз шеваи маъмурӣ кор гирифтаанд ва барои онҳо имиҷи давлату миллат ҳич арзише надорад”.
Ба таъкиди масъулини нашрия, “дар номаҳои вазорати фарҳанг омадааст, дар “Нигоҳ” қаҳрамони хаёлии нашрия Мирзодикак ба ҷои “байрақ” “флаг”-ро истифода бурдааст, ки ин иҳонат ба рамзи давлатӣ мебошад. Шӯрои уламо, ки ниҳоиди муътабар аст, набояд қаҳрамони танзи сиёсии ҳафтанома гардаду бо лаҳни шадид набояд академик Абдуҷаббор Раҳмонов ё руҳонии машҳуреро интиқод кард, ҳол он ки ба гуфтаи масъулони нашрия ин Ёрдамчии Президент ба чунин муҳофизаи содалавҳона эҳтиёҷ надорад”.
Кормандони Раёсати табъу нашри Вазорат мегӯянд, шарҳи ин масъала аз салоҳияти мо берун аст. Давлат Сафар, сардори Раёсат ба зангҳои телефонии мо посух надод.
Абуалӣ Некрӯзов мегӯяд, изҳороти расмии нашрия зимни ҷаласаи машваратии Шӯрои муҳаррирон, ки дар назар аст, шоми имрӯз баргузор шавад, қабул ва паҳн хоҳад шуд.
Нашрияи «Нигоҳ» аз 14-уми декабри соли 2006 ба нашр мерасад. Муассиси он Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ»мебошад.
Шумораи «Нигоҳ» №37 (419) аз 10-уми декабри 2014 ва №38 (420) аз 17-уми декабри соли 2014 дар сомонаи TojNews қобили дастраст аст. Бо нохун задан ба ин торҳо метавонед мутолиа кунед: «Нигоҳ» №37 (419) аз 10-уми декабри 2014 ; «Нигоҳ» аз 17-уми декабри соли 2014.
Copyright © 2014 TojNews