Хадамоти оташнишонӣ барои танқид таъқиб мекунад

17 август соати 10 дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр манзили истиқоматие оташ гирифт. Дар баробари мошинҳои Хадамоти Оташнишонии шаҳри Кӯлоб мухбири «Пайк» ҳам баҳри адои вазифаи хизматӣ ба ҷои ҳодиса расида омад. Сардори Хадамот Мудассир Раҳматов барои адои вазифаи хизматӣ ба мухбири 18-солаи «Пайк» монеа эҷод кард.

Ў аввал худ ба мухбир дарафтида, ҷанҷол оғоз кард ва унвонии Васоити Ахбори Оммаи ҷумҳурӣ суханони носазо гуфт. Баъд ду корманди БДА-и шаҳрро аз кӯча даъват кард, то мухбирро аз ҷои ҳодиса пеш кунанд. Онҳо кушиши аз дасти мухбир гирифтани дастгоҳи сабтро карданд. Баъди ин ҳама, майори хизмати дохила Мудассир Раҳматов иғво барангехта соҳибхонаро алайҳи мухбир шуронид.

Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед: http://taj.nansmit.tj/xadamoti-otashnishon%D3%A3-baroi-tan%D2%9Bid-ta%D2%9Bib-mekunad/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *