17 август соати 10 дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр манзили истиқоматие оташ гирифт. Дар баробари мошинҳои Хадамоти Оташнишонии шаҳри Кӯлоб мухбири «Пайк» ҳам баҳри адои вазифаи хизматӣ ба ҷои ҳодиса расида омад. Сардори Хадамот Мудассир Раҳматов барои адои вазифаи хизматӣ ба мухбири 18-солаи «Пайк» монеа эҷод кард. Ў аввал худ ба мухбир дарафтида, ҷанҷол оғоз кард ва унвонии Васоити Ахбори Оммаи ҷумҳурӣ суханони носазо гуфт. Баъд ду корманди БДА-и шаҳрро аз кӯча даъват кард, то мухбирро аз ҷои ҳодиса пеш кунанд. Онҳо кушиши аз дасти мухбир гирифтани дастгоҳи сабтро карданд. Баъди ин ҳама, майори хизмати дохила Мудассир Раҳматов иғво барангехта соҳибхонаро алайҳи мухбир шуронид.
Аммо ин охири қиссаи «Пайк» аст бо Хадамоти Давлатии Оташнишонии шаҳри Кӯлоб ва сардори он Мудассир Раҳматов. Аввали қисса хеле нангин, вале ҷолиб аст, ки мо ин ҷо тасмим дорем онро пешкаши ту, хонандаи гиромӣ гардонем, то худ қазоват кунӣ, ки дар баъзе аз Хадамоти ҳаётан муҳими давлати мо чӣ гуна масъулин ба мардум хизмат мерасонанд. Барои ин тоифа дигар ягон муқаддасот боқӣ намондааст на манфиат ва обрӯи давлат ва ҳукумат ва на арзишҳои дигари демократӣ. Ин тоифа худ шоҳанду табъашон вазир.
Ахиран, сардори ин Хадамот барои танқид даст ба таъқиби кормандони ҳафтавори «Пайк» зад, ки ин амал қонуншикании маҳз аст. Баъди он ки мо дар мақолаҳои танқидӣ, он ҳам аз номи шоҳидони ҳол аз бемасъулиятии Хадамоти Оташнишонӣ лаб кушодем, мавриди ғазаби сардори Хадамот — Мудассир Раҳматов қарор гирифтем.
Ғазаби аввали Раҳматов
Иқтибос аз мақолаи Аслиддин Достиев «Бозори Кӯлобро салафиҳо сӯзонданд»:
«… Ҳамин хонум ва низ чанд бонуи дигар, ки худро Зулфия, Латофат, Рузигул ва дигар ном мегирифтанд, гуфтанд, ки лаҳзаи аввали сӯхтор агар нақлиёти оташнишонии шаҳри Кӯлоб дар ҳолати омодабош мебуд, шояд зарар камтар мегардид. Ин бонувон шаҳодат медоданд, ки 2-нақлиёти сӯхторхомӯшкунии шаҳри Кӯлоб, рақами давлатии якеаш 2773 будааст, баъди ба ҷойи ҳодиса омадан, мотораш хомӯш гаштаву дигар дер боз гирён намегашт. Нақлиёти дигар, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, об надошта будааст. «Баъди чанде нақлиётҳои дигар аз Фархору Восеъ расида омаданд. Ҳарчанд ин оташнишонҳо дертар расидаанд, аммо тавонистанд корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд», — мегуфтанд онҳо.
Воқеан, тоҷирони дуконсӯхта аз заҳмати сӯхторхомӯшкунони ин 2-ноҳия изҳори миннатдории зиёд доштанд. (Ин дар ҳоле, ки Вазорати Корҳои Дохилаи ҷумҳурӣ таҳти сарварии генерал Рамазон Раҳимов шароити якхела, воқеан хело мусоид, барои тамоми қисмҳои оташнишонии минтақа муҳайё кардааст.
Вале, аҷиб он аст, ки роҳбарияти Хадамоти сӯхторхомӯшкунии шаҳри Кӯлоб ва низ минтақавӣ, ки дар якҷоягӣ идора доранд, аз беоб мондани нақлиёт ва ё вайрон будани нақлиёти дигари идоравӣ бехабар мемонанд. Инро, агар оддӣ карда гӯем, хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ нисбат ба вазифаи хизматӣ унвон мекунанд. Воқеан, дар Хадамоти мазбур, тибқи иттилои расида, нафароне фаолият доранд, ки мутахассис набудаанд… Ин дар ҳолест, ки мутахассисони варзидаи соҳа дар навоҳии вилояти Хатлон даҳҳо нафаранд.»
Сабти садои тоҷирони аз Хадамоти Оташнишонӣ шикоят дошта дар редаксия маҳфуз аст. Пас, мо ҳайронем, ки Раҳматов кадоме аз фактҳои мақолаи «Пайк»-ро такзиб мекунад!? Қазия на бештар аз он буд, ки баъди танқид тибқи қонун вокуниш менавишт. Дар вокуниш бурҳони қотеъ пешниҳод карда ё ҳафтаворро дурӯғгӯ эълон медошт ё барои бемасъулиятӣ ба баъзе аз кормандон танбеҳ эълон мекарду аз натиҷааш ба редаксия хабар медод.
Ғазаби дуюми Раҳматов
Дар гузориши дигари «Пайк» таҳти унвони «Сухторро бо сатил хомӯш карданд», (Пайк 13 (56) аз 5.08.2014) аз идомаи бемасъулиятии масъулини Хадамоти Оташнишонӣ сухан мерафт. Иқтибос аз ин мавод:
«Сокини дигари шаҳр, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, сабаби сари вақт хомӯш нашудани сухторро дар бемасъулиятии масъулини идораи сухторхомушкунӣ маънидод кард. ӯ гуфт, ки оби мошини сухторхомӯшкунӣ дар зарфи 1 дақиқа тамом шуду ҳатто барои хомӯш кардани оташи ҳамагӣ як дӯконча басанда нашуд. Баъди тамом шудани оби мошин сухторхомӯшкунҳо бо сатил ба сухтор об мепошиданд.»
Он рӯз сими баландшиддати барқ канда рӯи як мақозаи хурдакаки 2 ба 3-метра афтида буду мағоза сухт. Оби мошини сухторхомӯшкунӣ барои хомӯш кардани ин мағозача низ басанда нашуд. Ҳоло ин ки даҳ тонна оби ин мошини муосир ҳангоми рехтан ҳавзе мешуд, ки дар он мағозача шино мекард. Ҳақиқат ҳамон аст, ки дар дохили мошин ба истилоҳи шоҳидон чанд қулт об буду бас. Дар ин бора ҳам дар редаксияи «Пайк» расмҳо маҳфузанд. Масъули Хадамот дар даст сатил иҷрои вазифа мекунад.
Пас, ҷаноби Раҳматов кадом факти пешниҳоднамудаи «Пайк»-ро такзиб мекунад!?
Ҳамон ҷо воқеаи аҷиби дигаре ҳам рух дод, ки мо онро дар ҳамин гузориш ҷо додем ва инак, такроран пешкаши хонанда мегардонем:
«Аз сардори Хадамоти Оташнишонии шаҳри Кӯлоб Мудассир Раҳматов, ки дертар ба ҷои ҳодиса расида омад, мо дар бораи иллати об кам доштани мошин пурсидем. ӯ ба ҷои посух ба саволи мо зану кӯдаки шахси иттилоъдодаро бо бадӣ, мисли авбошон ёд кард. Дар атроф занҳо низ буданд. Аз ин беодобии сардори Хадамот мо дар ҳайрат афтида, дигар аз ӯ чизе напурсидем. Танҳо нигарон аз он шудем, ки агар сардори як хадамоти қудратӣ чунин одоб дошта бошад, пас касе аз рух додани фоҷеаи навбатӣ кафолат дода наметавонад.»
Ҳанӯз баъди ду моҳи сухтори якуми бозор дар аввали сол, «Пайк» маводе ба нашр расонида буд, ки «Бозори Кӯлоб боз месӯзад» унвон дошт. Он ҷо мо риоя нашудани қоидаҳои зидди сухтори бозори марказиро ёдрас карда будем. Агар Раҳматов аз ғаразу хусумат кор намегирифту мақоларо сармашқ ва камбудиҳои ёдраскардаи моро бартараф мекард, шояд фоҷиаи дуюм шаби 22 июл рух намедод.
Қасоси «хунин»
Баъди ду рӯзи нашри гузориши дар боло зикршуда ба идораи муассисаи «Пайк» нозири қаҳролӯди ШХДО, капитани хизмати дохила Фармонов ҳозир шуд. Гуфт шароити бехатарӣ аз сухторро дар утоқи кори сармуҳаррири ҳафтавори «Пайк» месанҷад. Ин тарафу он тарафро ҷуста чизе наёфт. Онҷо ба ҷуз як компютер чизе дигар бо нерӯи барқ фаолият намекунад. Ногоҳ чашмаш ба резетка афтид, ки мо махсус пласмаси хурдакаки 2Х3 сантиметраи чоркунҷаи дохили онро гирифта будему дар ҳамон наздикӣ мехобид. Яке аз мутахассисон гуфта буд, ки агар боре резетка оташ гирад, ҳамин пласмасса месӯзад.
Ҷурми дарёфтгардида хеле хурд буд, ки он базудӣ дар чашми нозир натофт. Шояд барои шадидтар шудани ҷурми мо ва хубтар иҷро шудани супориши сардори Хадамот баҳри қасос гирифтан аз «Пайк» нозир ба маънии томаш ба эҷоди камбудиҳо даст зад. Гуфт, бояд мо дар утоқи корӣ гӯшаи сухторхомӯшкунӣ дошта бошем. Яъне дар утоқи 3Х4 метра мо бояд белу сатилу, сандуқи қуму боз ким чиҳои дигар ҳам дошта бошем. Тасаввур мекунӣ хонанда, утоқи кори сармуҳарирро, ки нисфи онро асбобҳои оташхомӯшкунӣ ишғол кардааст…
Ин дар ҳоле, ки дар роҳрав ҳамагӣ5 метрдуртар чунин гӯша мавҷуд буд.
Ин ходим ҳангоми навиштани амрнома барои пласмассаи 2-сантиметра се ҷумла навишта 7 хатои грамматикӣ кард.
Ҳамаи ин боиси он гашт, ки мо ба дониши касбӣ доштани капитан ва беғаразона будани санҷиш шубҳа кардем. Гуфтем мо худ ба назди сардори ШХДО рафта қазияро ҳаллу фасл мекунем.
Дар утоқи кори Раҳматов нахуст чизеро, ки шунидем таҳқир буд, иборат аз: «Шумо хабарнигорони чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ шайтонед!»
Мо ҳам ба ин гуфтаҳо аҳамият надодем, чунки гизала шудани сардорро қаблан интизор будем. Гуфтем оё мо дар ҳақиқат дар утоқи кории хурдакак бояд гӯшаи оташхомушкунӣ (пожарный щит) дошта бошем? Ғазаболӯд гуфт, албатта!
Пас, боз пурсидам, ки чаро шумо дар утоқи кори хеле калони худ чунин гӯша надоред? Гуфт дар роҳрав дорем. Дигар ба ӯ нагуфтам, ки дар роҳрави бинои мо низ гӯша мавҷуд аст ва хеле наздиктар ба утоқи кории мо. Ў худ ва Фармонов ҳам инро хуб медонистанд. Боз Раҳматов якҷо бо нозир хеле дуғу пӯписа карда, ба қавли худашон, «талхаи моро кафонданд.»
Дигар сӯҳбатро бо чунин масъулин бепоя ва бемаънӣ ҳисобида, баромада рафтам. (Сӯҳбат масали «подводит» шудани пистаро мемонд).
Дере нагузашта қасоси «хунин»-и Раҳматов «даб-дала»-и моро баровард.
Ду рӯз баъд аз номи сардор унвонии банда мактубе расид, ки мӯҳтавояш барои вайрон будани сеяки разеткаи утоқи корӣ 600 сомонӣ ҷарима буд.
Дар ҳамин ҳол, шумо дар расм разеткаи пурра сухтаю вайронаи дохили бинои Хадамоти Оташнишонии шаҳр ва минтақаи Кӯлобро мебинед, ки дар нишасти матбуотӣ кормандони «Пайк» сабт карда буданд. Яъне қонуншикании худи Хадамот се баробари мо буд.
Пас, бо муроҷиат ба вазири умури Дохилаи ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов, ки барои хеле шахси донишманду устоди кори худ будан эҳтиромаш мекунем рӯ оварда гуфтанием: «Чаноби вазир, магар барои як ҷурми кучак мо бе ягон огоҳии пешакӣ бояд 600 сомонӣ ҷарима супорему кормандони Хадамот барои ҷурми хеле бузургтар беҷазо бояд монанд? Агар ҳа, мо бо дарки масъулият ҳуқуқ дорем бигӯем, ки дар Умури Дохилаи ҷумҳурӣ адолат нест! Аммо мо бар он боварем, ки Шумо, ҷаноби вазир ба ин гуна беадолатӣ роҳ намедиҳед. Мо омодаем 600 сомонӣ маблағи ҷаримаро ба буҷаи ҷумҳурӣ пардохт кунем, аммо баъди он, ки масъулини Хадамоти Оташнишонӣ се баробари мо, яъне 1800 сомонӣ ҷарима пардохт мекунанд. Ҳам буҷаи ҷумҳурӣ заррае ҳам бошад ғанӣ мегардад ва ҳам адолат барқарор мешавад.
Чизе дигар аҷиб ва ҳам нанговар буд. Болотар гуфтем, ки мо аз бесаводии нозир ба танг омада, ба сардори Хадамоти Оташнишонӣ муроҷиат кардем. Медонӣ, хонандаи гиромӣ, дар ду ҳуҷҷати бо дасти худ навиштаи сардор 21 хатои грамматикӣ аст. Ҳуҷҷат дар дасти мо маҳфуз аст.
Пас, кадом далели овардаи моро дар мавриди нолоиқ будан ба вазифаи ишғолкардаи сардори Хадамот такзиб карданианд!? Бо чунин донишу малакаи масъулини Хадамот кӣ кафолат дода метавонад, ки баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати дигар масъулини ин даргоҳ кушиши кофӣ ба харҷ дода метавонанд?
Хиёнати Раҳматов ба ШХДО
Қабл аз ин 7 ё 8 сол пеш мо дар ҳафтавори «Тоҷикистон» аз хусуси бемасъулиятии Хадамоти Оташнишонии Кӯлоб дар мақолае таҳти унвони «Аз як пожарникда ду шифер хуб аст» қисса карда будем. Онҷо ҳам аз хусуси маоши ками кормандони Хадамот, камбуди таҷҳизот ва мушкилоти дигари дохилӣ гуфта будем. Ростӣ он замон барои фаолияти густардаи Хадамот касе аҳамият намедод. Қаҳрамони асосии он мақола лейтенанти хизмати дохила Мудассир Раҳматов буд. Маҳз имрӯза майор, ҳама сирри дохилаи Хадамотро ба мо якҷо нишаста қисса кард, то ҳамаи онро дар мақола ҷой кунем, аммо бе зикри номи ӯ. Мо дар мақола, албатта номи ӯро зикр кардем, аммо ба ҳайси як корманди бечора, на ба истилоҳ информатор. Дертар худ иқрор шуда буд, ки баъди чопи мақола вазорат хеле таҷҳизот ба Хадамот дод.
Яъне, ба андешаи мо, дар гузашта Раҳматов хеле бачаи хуб буду ғами соҳаро мехурд. Аммо ҳамон вақт баъзеҳо ӯро хиёнаткор ҳукм карда буданд. Агар ӯ ҷавонмардӣ карда камбудиҳои дохили коргоҳро аз қабили нарасидани қисмҳои эҳтиётӣ, либоси махсус, шлангҳои кафида ва ғайраю ҳоказо намедод мо аз куҷо дар бораи ҳамаи ин дар мақола маълумот дода метавонистем? Ташаккур ба сардор!
ШХДО боз аз кадом расонаи хабарӣ қасос мегирад?
Чуноне, ки хонандаи закӣ ба хубӣ огоҳ аст, дар рӯзҳои сухтори бозор на танҳо ҳафтавори «Пайк» аз бемасъулиятии ШХДО-и шаҳри Кӯлоб мавод ба нашр расонида буд. Балки дигар расонаҳои хабарӣ низ аз ин боб қисса карда буданд. Мутаваҷҷеҳ бошед, иқтибос аз мақолаи дар ҳафтавори «Ҷумҳурият» нашрнамудаи Ё. Содиқ «Муаммоҳои сухтори «Саховат»-и Кӯлоб:
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва муайян намудани мавқеи сохтмон ШХДО дар минтақа бо сардории подполковники милитсия Ҳ. Нодиров ҷиҳати манфии иншоотҳоро мавриди таҳлил қарор дода, хулоса кардааст: «Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб ҳуҷҷатҳоро оид ба вобаста шудани қитъаи замин дар ҳудуди бозори «Саховат» ва иҷозати сохтмони 3 (780 м2) биноҳои якқабата ва дуошёнаи «Маркази савдо», мутааллиқ ба Ҷамъияти матлубот, воқеъ дар хиёбони И. Сомониро дида баромада, дар ҳолати риояи меъёрҳои қоидаҳои сохтмонии амаликунанда, шаҳрсозӣ ва риояи бехатарӣ аз сӯхтор розигии худро медиҳад….».
Кас намедонад, чаро ин Хадамот дар ҷое иҷозаи сохтмон медиҳад ва боз онро бо қарори махсуси худ мамнӯъ эълом медорад.
Дар ин мақола боз мехонем: «Хулосабарорию монеъшавии ШХДО чӣ асроре дорад? Аз чӣ бошад, ки баъди рехтани пойдевори мағозаҳо ва қомат афрохтани якчандтои он Ш.Х.Д.О 33-юм иншоотҳои фавқуззикрро монеъ барои воридшавии автомошинҳои оташхомӯшкунӣ арзёбӣ карда, аз 3-юми июли соли равон дар бораи боздошти сохтмони мағозаҳо дар бозори «Саховат» қарори махсус қабул кардааст. Пайи татбиқи он танҳо мағозаҳои пойдеворашон рехтаро ба ҳолати аввалаашон баргардонданду халос.»
Кас намедонад, сирри аввал иҷозат додану баъд ғайриқонунӣ эълон доштани ин сохтмонҳо дар чист?
Пас, Раҳматов бо кадом роҳ аз мухбири «Ҷумҳурият» қасос мегирифта бошад?
Раҳматов аз директори бозор ҳам қасос мегирад?
Иқтибос аз сӯҳбати директори бозори марказии Кӯлоб Зулайхо Ҳақназарова:
«Посбони бозор Ҳаётов Бозор соатҳои 12 шаб мушоҳида кард, ки як қисмати бозор месӯзад. Зуд ба ШХДО занг зад. Аз сабаби он, ки мошинҳои сухторхомӯшкунӣ дертар омаданд оташ хеле шиддат гирифт.»
Директори бозор инчунин мегӯяд, ки чун мошинҳои оташхомӯшкунии шаҳр дер карданд ба идораи Хадамот рафтам.
Чун бори аввал бозори Кӯлоб имсол дар моҳи январ сухт ҳама аз боби тангии роҳравҳои бозор гуфтанд. Мардум ақида дошт, ки маҳз роҳравҳои танг монеъи бомуваффақият хомуш кардани оташ мешуданд. Баъди сухтор баҳри васеъ кардани роҳравҳо ШХДО сари мӯе наҷунбид. Дар натиҷа дар сухтори ахирӣ, яъне 22 июл боз ҳам мошинҳои сухторхомӯшкунӣ мувоҷеҳи мушкилоти роҳёбӣ шуданд. Сардори Хадамот дар ҳама сӯҳбатҳо мегӯяд 6 тонна оби як мошини сухторхомӯшкунӣ барои 4 дақиқа обпошӣ басанда аст. Аммо намегӯяд, ки чаро як мошини онҳо дар роҳрави якуми бозор аз ҷониби Хонаи хизмати маишии «Ғайрат» расо якуним соат дармонда истод?
Далелҳои зиёди дигаре низ дар хусуси бемасъулиятии ШХДО-и шаҳри Кӯлоб дорем. Аммо мақсади мо сиёҳ кардани касе нест. Гумон дорем, ҳамин басанда аст, ки вазири мӯҳтарами Корҳои Дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов баҳри ислоҳи камбудиҳо ба масъулин супориши қатъӣ диҳад. Хадамоти оташнишонии Кӯлоб давраи тиллоии худро таи 6-7 соли ахир аз сар гузаронд. Сарварони собиқи ин Хадамот Аюбов ва Фарух Ҳалимов баҳри фаолияти густардаи он тамоми донишу малакаи худро ба харҷ доданд. Ҳамвора медидам, ки онҳо мошинҳои кӯҳнаро таъмиру тармим карда, навоҳии дурдасттарини минтақаро бо шароити оташнишонӣ таъмин мекарданд. Басо мешунидам, ки бо талаб ё зорию тавалло таҷҳизоти муосири оташхомушкунӣ дастрас мекарданд. Бо заҳмати зиёд ШХДО-ро хеле обод карданд. Аммо ҳоло баъди аз вазифа рафтани онҳо, ба андешаи мо, ин ниҳод рӯ ба таназзул ниҳодааст. Баъди ҳар як ҳодисаи сухтор мардум бо тамасхур аз бефаолиятии масъулини Хадамот сухан мегӯяд. Ин дар ҳоле, ки ин ниҳод дигар танқисӣ аз таҷҳизот ва шароити дигари корӣ надорад, ба ҷуз аз дарки масъулият. Гумон дорем, аз рӯи инсоф нест, ки вазир охирин пайсаи вазоратро баҳри фаолияти хуби идораҳои зертобеи худ сарф кунаду ахириҳо баҳри боло бурдани обирӯи вазир ва дар маҷмӯъ ҳукумати ҷумҳурӣ сари мӯе наҷунбанд.
Ҳафтавори «Пайк» дар навбати худ омодааст баҳри рушди соҳаҳои гуногун ва ба дунбол гул-гул шукуфии ватани ба ҷон баробар бо ҳама вазороту идораҳо ҳамкориҳои густарда дошта бошад. Масъулини ҳафтавор хуб дарк мекунанд, ки бо раиси вилоят таъин шудани Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ки хеле шахси босавод ва серталабу серғайрат аст, имкони реалии рушди соҳаҳои гуногуни вилоят фароҳам омадааст. Гумон дорем расонаҳои хабарии вилоят ва ҳам хадамоти дигар, бояд дар паҳлӯи ӯ рост истода, баҳри рушди вилоят ва пиёда гардонидани сиёсати хирадмандона ва созандаи президенти мамлакат ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки иборат аз таъмини некуаҳволии мардум аст, қоим бошем. Дар амал татбиқ намудани сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ маънии устувории ваҳдат, пойдории истиқлолият ва рушди ҷомеаро дорад.
Аҳмади Иброҳим.