Хадамоти алоқа сабаби қатъи почтаҳои байналмилалиро шарҳ дод

Ба гуфтаи Хадамоти алоқа як далели фаъолият накардани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ин аст, ки онҳо мехоҳанд танҳо дар шаҳри Душанбе фаъолият кунанд. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев қайд кард.

Ба суоли рӯзноманигор дар мавриди почтаҳои байналмилалӣ, ки фаъолияташон қатъ гардид ва оё имконияти дигарбора фаъолият кардан доранд, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев чунин посух гардонд: «Барои чӣ почтаҳои байналмилалӣ фаъолият намекунанд? Агар онҳо тибқи талаботи техникӣ, ҳуқуқӣ ва почтаӣ амал кунанд, марҳамат фаъолият намоянд. Яке аз омилҳои асосие, ки почтаҳои байналмилалӣ кор намекунанд, он аст, ки ҳамаи онҳо мехоҳанд танҳо дар шаҳри Душанбе фаъолият кунанд. Дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардан намехоҳанд”.

Масъулини Хадамоти алоқа моҳи июли соли гузашта гуфта буданд, фақат дар сурати ислоҳи камбудӣ ба идомаи фаъолияти ин ширкатҳо иҷоза хоҳанд дод. Вале то ба ҳол ба почтаҳои байналмилалӣ иҷозаи фаъолият дода нашудааст. Сафорати ИМА дар авоили моҳи ҷорӣ аз баста будани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ карда буд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17095-khadamoti-alo-a-sababi-at-i-pochta-oi-bajnalmilaliro-shar-dod.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *