Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод ба баста шудани шабакаи «Ютюб» дар ҳудуди Тоҷикистон рабт надорад.
Як манбаъ, аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, дар сӯҳбат ба TojNews гуфт, аз ҷониби ин ниҳод, ба ягон ширкати дастраскунандаи интренет дар кишвар фармони бастани «Ютюб» ирсол нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки аз зӯҳри дирӯз 9-уми июн дастрасӣ ба видеопортали «Ютюб» дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ карда шуд.
Корбарони Интернет мегӯянд, танҳо тавассути филтршикан — анонимайзерҳо метавонанд ба «Ютюб» ворид шаванд.
Чанде аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет, бидуни ин ки сабаби инро шарҳ бидиҳанд, итилоъ дар бораи қатъ кардани дастрасиро ба «Ютюб» тасдиқ карданд.
Асомиддин Атоев, раиси Асосиатсияи ширкатҳои дастраскунандаи интернет, дар ҳамин ҳол, ваъда дод, ки бо рӯшан шудани асли қазия масъала расонаҳоро дар ҷараён хоҳад гузошт.
Масдуд шудани «Ютюб» дар Тоҷикистон бори аввал нест.
Моҳи майи соли гузашта низ дар пайи ба Интернет роҳ ёфтани наворҳои тӯйи боҳашамати Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Президенти Тоҷикистон дастрасӣ ба ин шабака маҳдуд шуда, баъди се моҳ фаъол шуд.
http://www.tojnews.org/khadamoti-aloga-mo-farmoni-bastani-youtubro-nadodaem