Хадамоти алоқа интернети олимони тоҷикро қатъ кард

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хатти интернети ширкати TARENA-ро қатъ кардааст. Ин созмон пажуҳишгоҳҳои Академияи улум ва донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо интернет таъмин менамуд.

Дар созмони TARENA рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чаҳор рӯз қабл масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хатти интернети онҳоро бурида, ба таҷҳизоти интернетрасонашон муҳр задаанд.

Созмони TARENA, ба гуфтаи масъулонаш, интернетро бевосита аз антеннаҳои моҳвораӣ дарёфт мекард. Аммо масъулони TARENA мегӯянд, нозирони Хадамоти алоқа хатти интернети онҳоро қатъ карда, то ҳанӯз сабаби ин тасмимро шарҳ надодаанд.

Баробари аз кор мондани хадамоти интернети созмони TARENA аксар пажӯҳишгарони Академияи улум ва донишгоҳҳо дар Тоҷикистон, ки аз ин созмон интернети ройгон ё дар баъзе ҳолат интернети арзон мегирифтанд, аз он маҳрум шуданд.

Созмони TARENA, ки шакли кӯтоҳшудаи Анҷумани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва пажуҳишҳои академӣ аст, аз соли 2000-ум дар Тоҷикистон чун як созмони ғайритиҷоратӣ фаъолият мекунад. Ин созмон дар оғоз бо ҳимояи молии НАТО таъсис ёфта, дар солҳои баъд бо маблағҳои грантии Бунёди Сорос, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид фаъолият кардааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар чанд соли охир бо чанд тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL масдуд шуда, арзиши телефонҳои мустақим бо хориҷа боло бурда шуд.

Бо дастури ин ниҳод сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи системаи NGN маҳдуд шуда, хатари масдуд шудани дастрасӣ ба паёмрасонҳои интернетии “Вайбер” ва “Вотсапп” пеш омад. Инчунин, ин хадамот гуфт, ҳамаи ширкатҳои мухобиротӣ интернетро аз «Тоҷиктелеком», ниҳоди таҳти итоати Хадамоти алоқа бигиранд. Баъдан Хадамоти зиддимонополӣ онро рад кард.

https://www.ozodi.org/a/internet-tarena-tajikistan/29195567.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *