Хадамоти алоқа: «Фурӯши телефонҳо бидуни сертификат манъ мешавад»

Минбаъд дар Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ бидуни иҷозаи Хадамоти алоқа манъ аст. Масъулини Хадамоти алоқа мегӯянд, фурӯшандаҳо бояд пеш аз фурӯши телефонҳои мобилӣ аз ниҳод сертификат бигиранд.

Адолат Абдураҳмонзода, муовини раиси Хадамоти алоқа рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, фурӯшандаҳои телефонҳои мобилӣ бояд пеш аз фурӯш, аз ин ниҳод сертификати мутобиқат дарёфт кунанд.

Хонум Абдураҳмонзода гуфт, ин муқаррарот бар асоси қонун дар бораи алоқаи барқӣ пешбинӣ шудааст. Ин масъули Хадамоти алоқа афзуд, онҳо бар асоси иҷозаи «Тоҷикстандарт» сифати ҳар телефонро меомӯзанд ва баъдан барои он сертификати мутобиқат медиҳанд.

Адолат Абдураҳмонзода афзуд, минбаъд ҳар телефони мобилие, ки ба талабот ҷавобгӯ нест соҳиби сертификат намешавад ва ба ин хотир истифодабари он мумкин нест. Муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, барои нақзи ин муқаррарот аллакай чор нафарро муҷозот кардаанд. Хонум Абдураҳмонзода тасдиқ кард, ки гирифтани сертификати мутобиқат барои фурӯши телефонҳои мобилӣ бар ивази маблағ дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол Илҳомҷон Атоев, муовини дигари раиси Хадамоти алоқа афзуд, ин тасмим ба хотири «бехатарӣ ва ҳам сиҳату саломати истифодабарандагон ба роҳ монда шудааст.»

Почтаҳои байналмилалӣ муқарраротро нақз карданд

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон намояндагиҳои почтаи байналмилалӣ дар кишварро ба риоя накардани тартиботи муқарраршуда муттаҳам кард. Масъулини Хадамоти алоқа бори аввал баъзе ҷузъиётҳои гуфтугӯяшон бо намояндагиҳшои почтаҳои байналмилалиро ошкор кард.

Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи фаъолияти намояндагиҳои почтаҳои байналмилалиро ба «манфиатҳои миллӣ» рабт дод. Ӯ гуфт, дар тамоми дунё ҳар давлати соҳибистиқлол ҳуқуқ дорад, ки алоқаи почтаро дар асоси манфиатҳои миллӣ бо назардошти тавсияҳоии байналмилалӣ ва ташкили амнияти иттилоотӣ, ба роҳ монад.

Аммо муовини раиси Хадамоти алоқа мегӯяд, намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ танҳо мехоҳанд дар шаҳри Душанбе фаъолият дошта бошанд. Ин масъули Хадамоти алоқа дигар паҳлӯҳои гуфтугӯи худ бо намояндагиҳои почтаҳои байналмилалиро ошкор накард.

Ҷаноби Атоев аз вазъи феълии хадамоти почта дар кишвар изҳори ризоият кард. Аз набуди намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ ширкати «Почтаи тоҷик» даромади зиёд гирифтааст. “Почтаи тоҷик” дар ин давра наздики 100 тонна зиёдтар муросилот анҷом додааст.

Масъулини Хадамоти алоқа моҳи июли соли гузашта вақте ба дари DHL, UPS, TNTва Pony Express муҳр мезаданд, гуфта буданд, фақат дар сурати ислоҳи «камбудӣ» ба идомаи фаъолияти ин ширкатҳо иҷоза медиҳанд. Вале то ба ҳол ба почтаҳои байналмилалӣ иҷозаи фаъолият дода нашудааст. Сафорати ИМА дар авоили моҳи ҷорӣ аз баста будани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ карда буд.

Қаблан масъулини «Почтаи тоҷик» ба се ширкати бузурги хаткашонӣ пешниҳод карданд, ки хадамоти ирсоли номаҳои худро ба «Почтаи тоҷик» бисупоранд ва баръакс масъулияти интиқоли номаҳои “Почтаи тоҷик”- ро дар хориҷ бар дӯш бигиранд.

Почтаҳои байналмилалӣ ин шартро напазируфтанд. Аммо ақидаи дигар низ вуҷуд дорад, ки аз бозор берун кардани почтаҳои байналмилалӣ ба хотири дар монополияи Тоҷикистон қарор додани ин бозор анҷом шуд.

https://www.ozodi.org/a/29367306.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *