Мӯъмин Аҳмадӣ, хабарнигори радиои “Озодӣ”, барои маълум кардани ҳақиқати ҳоли мардуми талбанда либоси ҷандае ба тану айнаке ба чашм карда, дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба «гадоӣ» баромад ва дар 10 дақиқа 30 сомониву 40 дирам (!) кор кард.
Мӯъмин Аҳмадӣ дар шарҳи ин амалаш навиштааст, ки мехост воқеияти ҳолро маълум кунад ва то куҷо кори “пурдаромад” будани гадоиро, тавре як бахши азами мардум гумон мекунанд, ифшо созад.
— Ҳосили ин 10 дақиқа “гадоӣ”-и хабарнигори «Озодӣ» 30 сомониву 40 дираме шуд, ки мардуми раҳгузар дар ин фосилаи кӯтоҳ хайраш карданд ва ҳам дӯғу пӯписа ва ҳатто дашному ҳақорати як ходими милиса, ки хеле зуд болои сари ин “гадо”-ро гирифт ва амр кард, ки дар минтақаи ӯ гадоӣ накунад. Танҳо зориву таваллои хабарнигори Озодӣ, ки “хеле заруру дармондаам” дили милисаро каме “об” кард ва ӯ як соат фурсаташ дод, ки то баргаштанаш аз бемористон дар “минтақаи таҳти контрол”-и вай гадоӣ кунад, — мегӯяд Мӯъмин Аҳмадӣ.
http://faraj.tj/news/6563-habarnigori-radioi-ozod1251-gado1251-kard.html