Гуландом Раҷабова, хабарнигори нашрияи «Минбари Халқ” шоми 30-юми декабр аз олам чашм пӯшидааст.
Дар ин хусус наздикони марҳум Гуландом Раҷабова хабар дода гуфтаанд, ки вақтҳои охир марҳумро бемории сафедии хун азият медод.
Гуфта мешавад, маросими дафни марҳум имрӯз дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик Гуландом Раҷабова 15-уми журнлисти тоҷикест, ки дар соли 2015 вафот кардааст.
Ҳайати эҷодиии Faraj.tj ба хонаводаи марҳум ҳамдардӣ баён намуда, сабри ҷамил ва бурдборӣ мехоҳад.
http://faraj.tj/news/11929-habarnigori-minbari-hal1179-az-dune-guzasht.html