Хабарнигори бахши ӯзбакии “Озодӣ” даргузашт

Алишер Аҳмадов, хабарнигори пешини бахши ӯзбакии родиюи “Озодӣ” дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар синни 60 солагӣ бар асари сактаи қалб даргузашт.

Бино ба иттилоъи Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, Алишер Аҳмадов солҳои тӯлонӣ дар рӯзномаҳои ӯзбакии “Совет Тоҷикистони”, “Халқ овози” ва баъдан дар бахши ӯзбакии родиюи “Озодӣ” фаъъолият кардааст.

Оқои Аҳмадов дар соли 2008 барандаи ҷоизаи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар бахши озодии баён шуда буд.

Алишер Аҳмадов дар канори забони модарии ӯзбакӣ забонҳои тоҷикию русиро хуб балад буд ва хабару мақолотро ба ин забонҳо тарҷума мекард.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/03/140319_mm_rln_correspondent_death.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *