Хабарнигор баъд аз таҳқир шудан ва узрхоии таҳқиркунандагон соҳиби ҷоиза шуд

Ашӯргул Солеҳова, хабарнигори ҷавони рўзномаи шаҳрии “Набзи Қурғонтеппа” аз ҷониби Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон бо нишони алочии матбуоти Тоҷикистон сарфароз шуд.

 

Ашӯргул Солеҳова, ки моҳи июн аз ҷониби Хоналӣ Курбонзода, раиси идораи маориф ва илми вилояти Хатлон дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ мавриди таҳқир қарор гирифта буд, на дар қатори хабарнигорон моҳи март балки моҳи сентябр ба ин унвон қадр карда шуд.

Маъмулан, бештари унвонҳо ба хабарнигорон моҳи март дар рўзи Иди матбуот дода мешавад, вале унвони Ашӯргул Солеҳова баъди як мактуби дастаҷаъмонаи хабарнигорон ба хотири таҳқир шудан ва монеъи кораш гардидани мансабдор ба дасташ расид. Дар ифтихорномааш низ дида мешавад, ки имзои вазири фарҳанг дар моҳи сентиябр гузошта шудааст.

Ашургул Солеҳова, дар нашрияҳои гуногун ҳамкори карда чан соле дар ҳафтаномаи ноҳияи Бохтар сардабир буд ва ҳоло як масъули ҳафтаномаи шаҳрии “Набзи Қурғонтеппа” аст ва шеърҳои зиёде дорад, ки маҷмуаҳояш шеърҳяш хонандагони зиёд пайдо кардааст. Дар баробари шеър гуфтан аз замони донишҷӯияш ба журналистика пайвастаат ва хабару гузоришҳои саривақтӣ ва мусоҳибаҳои ҷолиб менависад.

Хабарнигори хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *