Х.Холиқназар дар бораи қатъи фаъолияти расонаҳои мустақил, гуногунандешӣ ва шукр (ВИДЕО)

Худойбердӣ Холиқназар, Директори Маркази тадқиқти стратегии назди Президенти Тоҷикистон баста шудани расонаҳои мустақилро на дар маҳдуд гардидани озодии баён дар Тоҷикистон, балки тоб наовардан ба шароитҳои иқтисодӣ рабт дод.

Номбурда имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, дар зарфи 10-15 соли охир дидем, ки бисёре аз расонаҳои мустақил муфлис шуданд.

-Якум, сабаби муфлис гардидани онҳо на маҳдуд шудани озодии баён ё монеъаҳо дар нашри онҳо, балки тоб наовардан ба шароитҳои иқтисоди бозорӣ мебошад. Дигар ин ки озодии баёне, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар бисёре аз кишварҳои Осиёи марказӣ вуҷуд надорад. Равед кишварҳои дигарро аз наздик бинед.Сеюм, онҳое, ки ғаразолуд нисбат ба фаъолияти давлат, нисбат ба Президентамон ҳарф мезананд, худатон як фикр кунед, ба хотири чӣ аст? Шумо ватанпараст ҳастед, миллатдӯст ҳастед, фикр кунед! Агар ҳамин сулҳу салоҳе, ки бо як мушкилоти азим ба дастовардем, боз дубора демократиябозӣ кунему байни худамон инаш ғалатасту вайяш ғалат аст, гуфта, дар зеҳнҳо таззоду фикрҳои гуногунро андозему ҳамин зинаҳо бо ҳам боз муборизаро шуруъ кунанд, ба чӣ мерасем? Дар ҳолате, ки дар ҳама ҷой, бахусус Ховари миёна, ин ҳама ҷангу ҷанҷолҳо аз ҳамин гуногунандешӣ ва иғвоандохтан шуруъ шуд. Мо ин таҷрибаи талхро дорем. Накунед ҳамин корро, ки оқибаташ Сурияву Ироқ аст! Шукр кардан даркор ,ки тавонистем оромию сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон нигоҳ дорем,-иброз намуд Худойбердӣ Холиқназар.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12774-kh-kholi-nazar-dar-borai-at-i-fa-oliyati-rasona-oi-musta-il-gunogunandesh-va-shukr.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *