Х.Мирсаидов: Агар мо ба мушкилот пушт гардонем, ин кишварро кӣ месозад? ВИДЕО

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон дар суҳбати ихтисосии видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зудӣ ба журналистика бармегардад ва нисбат ба мушкилу ҳаводиси кишвар бетараф нахоҳад буд.

  • Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июли имсол бо ҷурми«азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ», «сохтакории ҳуҷҷатҳо» ва «пахши маълумоти бардурӯғ» ​ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ Мирсаидовро аз зиндон озод кард. Аммо ҳамзамон ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.
Тамоми ин муддат дар хобам онҳоеро медидам, ки шояд сӣ соли охир надида будам. Касе намонд, ки ёдаш накарда бошам

Хайрулло Мирсаидов: Асабам осеб дидааст ва баъди як давраи табобат ба журналистика бармегардам. Мушкилоте, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад, набояд бе баррасӣ гузошт. Агар ман ин корро накунам, кӣ мекунад? Агар ҳар кас ба мушкил пушташро гардонда, ба ҳаводиси кишвар чашм пӯшад, аз ин кишвар чизе намемонад.

Радиои Озодӣ: Раҳоии Шумо аз зиндон ба маънои пурра сафед шуданатон набуд. Ҳоло бояд 80 ҳазор сомонӣ диҳед ва доғи судӣ ҳам боқӣ мемонад…

Хайрулло Мирсаидов: Дар рӯзи аввали озодшавиам гуфта будам, ки то охир меравам ва бегуноҳии худро исбот мекунам. Метавонам то додгоҳи Гаага равам. Вакилони мудофеъ аллакай шикоятро ба додгоҳи зинаи баъдӣ омода кардаанд.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Мирсаидов: Агар ба мушкилот пушт гардонем, ин кишварро кӣ месозад?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *