ВУРУДИ ЖУРНАЛИСТИ РАДИОИ «ОЗОДӢ» БА РУСИЯ МАМНУЪ ШУД

Ба рўзноманигори амрикоӣ Дэвид Сэттер, ки зарфи чанд моҳи охир дар Маскав фаъолият мекард, вуруд ба Русияро манъ карданд.

Тибқи иттилои Лента.ру дар ин бора журналисти 66-сола замоне огоҳ шуд, ки ба сафорати Русия дар Киев барои тамдиди раводиди худ омад.

 

Дипломати рус Алексей Грубий номаеро ба жуналист нишон дод ва гуфт «мақомоти салоҳиятдор» ба ин натиља расидаанд, ки ҳузури љаноби Сэттер дар қаламрави Федератсияи Русия «қобили қабул» нест.

Сафорати ИМА дар Маскав аз ҳукуматдорони Русия шарҳи қазияро дархост кард. Аммо то ин замон изҳори назари Вазорати корҳои хориҷ ии Русия дар ин бора нарасидааст.

Сэттер аввалин бор ба Иттиҳоди Шўравӣ соли 1969 омада буд. Тўли солҳои 70-и асри гузашта хабарнигори маскавии нашрияи «The Financial Times» буд.

Вай ҳамчунин муаллифи се китоб дар бораи СССР ва Русия мебошад. Моҳи сентябри соли гузашта  Сэттер чун мушовири «Радиои Озодӣ» ва «Радиои Аврупои озод» ба Маскав баргашт.

ВАО дар шарҳи хабари мазкур навиштанд, ки ҳодисаи рондани журналисти амрикоӣ аз Русия баъди фурўпошии Итиҳоди Шўравӣ собиқа надошт.

http://www.tojnews.tj/vurudi-journalisti-ozodi-ba-rusia-mamnu%27-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *