Волейбол боз журналистони тоҷикро ба майдони бозӣ меорад

Аз 1 то 5-уми апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни васоити ахбори омма барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон доир хоҳад гашт.

Дар ин хусус Наврӯз Қурбонов, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, мусобиқаи мазкур ҷиҳати иҷрои қисми 5 банди 4 -и волейбол Нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 доир гардида, дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма дар шакли даставӣ метавонанд иштирок намоянд.

Ба иттилои сарчашма сардовари мусобиқа Музафарров С. ва саркотиб Тайғуншоева Р. муайян гардида, ҳайати доваронро дар мувофиқа бо комиссияи ваколатдор интихоб менамоянд .

 

http://faraj.tj/news/12625-voleyboz-boz-zhurnalistoni-to1207ikro-ba-maydoni-boz1251-meorad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *