[b]Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо ва давлати Омрико бо интишори баёнияҳое нигаронии худро аз боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, матраҳ кардаанд.[/b]
Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар умури озодии расонаҳо, рӯзи панҷшанбеи 16 июн дар номае ба Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, нигаронии худро аз «боз як талош барои маҳдудияти озодии баён» дар ин кишвар иброз доштааст.
Дар номаи хонуми Миятович ба оқои Зарифӣ омадааст: «Ҳарчанд мо ба ҳаққи давлати Тоҷикистон ба мубориза бо терурисм эҳтиром мегузорем, вале қазияи боздошти оқои Усмонов ва бадрафторӣ нисбат ба ӯ, аз ҷумла маҳрумияти ӯ аз ҳаққи дастрасӣ ба вакили мудофеъ, асбоби нигаронии мо дар мавриди маҳдудияти озодии баёнро фароҳам кардааст.»
[b]Баёнияи намояндаи САҲУ[/b]
Вай меафзояд: «Ман нигаронам, ки қазияи оқои Усмонов талоши дигаре барои хомӯш кардани садои як рӯзноманигоре бошад, ки дар бораи масоиле ҳассос дар Тоҷикистон гузориш менависад.»
Намояндаи САҲУ дар умури озодии баён дар номаи худ ҳамчунин хостори тавзеҳ ва иттилоъоти бештаре дар бораи қазияҳои дигари марбут ба нақзи озоди баён дар Тоҷикистон, аз ҷумла лату кӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари ҳизби наҳзати исломӣ, ва боздошти Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори боздоштшуда дар ноҳияи Ашт, шудааст, ки қаблан бо мақомоти тоҷик дар миён гузошта буд.
[b]Нигаронии сафорати Омрико[/b]
Сафорати Омрико дар Душанбе низ рӯзи панҷшанбе бо интишори баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хоста, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли ин кишварро, фавран озод кунанд.
Кеннет Гросс, сафири Омрико дар Тоҷикистон, дар баёнияи худ дар бораи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ, гуфтааст, ки мақомот бидуни ҳеч далеле дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунии оқои Усмонов набояд ӯро дар боздошт нигоҳ доранд.
Вай аз ҷумла мегӯяд: «Сафорат дар мавриди боздошти хабарнигори Би-би-сӣ, ки 13-уми июн дар Хуҷанд боздошт шуда ва ба узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам шудааст, сахт нигарон аст.»
[b]Баёнияи сафири Омрико дар Youtube[/b]
Сафорати Омрико тавассути ин баёния аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дар зудтарин фурсат иддаъоҳо дар бораи бадрафтории кормандони амниятӣ нисбат ба оқои Усмоновро низ таҳқиқ кунанд ва ба меъёрҳои қазоии шаффофи байналмилалӣ содиқ бошанд.
Кеннет Грос дар баёнияи видиюии худ, ки дар сойти Youtub пахш шудааст, мегӯяд: «Ба бовари мо, хабарнигорон набояд ба хотири он чи менависанд, лату кӯб ва ё зиндонӣ шаванд. Барои ҳамин, мо тақозо дорем, ки оқои Усмонов, агар шавоҳиди мӯътабаре дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунии вай мавҷуд набошад, бояд бедиранг озод карда шавад.»
[b]»Осори бадрафторӣ»[/b]
Баёнияи сафорати Омрико дар Тоҷикистон дар бораи боздошти Урунбой Усмонов дар ҳоле пахш мешавад, ки нигарониҳо дар бораи вазъи саломатии оқои Усмонов афзудааст.
Урунбой Усмонов рӯзи душанбеи 13 июн ҳангоме ки аз ҷойи кор ба хона мерафт, нопадид шуд. Танҳо пас аз як рӯзи ҷустуҷӯ ва саргардониҳои пайвандон ва ҳамкоронаш дар бемористонҳои маҳаллӣ ва идораҳои пулис маъмурони давлатӣ ӯро барои муддати кӯтоҳе ба хонааш оварданд.
Маъмурони амниятӣ манзили ӯро такурӯ карданд ва оқои Усмоновро дубора бо худ бурданд. Аз он замон то кунун вай натавонистааст аъзои хонавода ва вакили мудофеъашро бубинад.
Аъзои хонаводааш, ки дар ҷараёни ҷустуҷӯву такурӯйи манзилашон тавассути маъмурони давлатӣ ҳузур доштанд, мегӯянд, ки нишонаҳое аз бадрафторӣ дар ӯ мушоҳида шудааст.
[b]Баёнияҳои Би-би-сӣ ва сафорати Бритониё[/b]
Писараш Ойбек мегӯяд: «Ӯ хеле мусибатзада ва маъюс ба назар мерасид ва осори шиканҷа дар сураташ ҳувайдо буд.»
Аъзои хонаводаи Урунбой Усмонов аз вазъи саломати ӯ башиддат нигаронанд, зеро ӯ аз бемории қанд ва фишори болои хун ранҷ мебарад.
Онҳо ҳамчунин иддаъои маъмурон дар бораи иртиботи ӯ бо Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгароро, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ буда ва дар бархе кишварҳои Осиёи Миёна пайравоне дорад, рад мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо, Урунбой Усмонов узви ҳеч гурӯҳе нест ва дар ҷараёни такурӯ кардани манзилаш дар рӯзи сешанбе маъмурони давлатӣ ҳеч мадраке барои исботи иддаъои худ алайҳи ӯ наёфтаанд.
[b]Маҳрумият аз дидори хонавода[/b]
Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ низ дар баёнияе иддаъои мақомот дар бораи иртиботи оқои Усмонов бо Ҳизби Таҳрирро рад карда ва гуфтааст, ки ин хабарнигори тоҷик бо тақозои Би-би-сӣ дар бораи муҳокимаҳои додгоҳӣ ва фаъолияти аъзои Ҳизби Таҳрир гузориш мекард.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, мегӯяд, ки дар ҷараёни боздошти ӯ тахаллуфоте сурат гирифта ва мақомот ҳақ надоштанд бидуни ҳузури вакили мудофеъ ӯро муттаҳам кунанд.
Вай ҳамчунин мегӯяд, ки маҳрумияти оқои Усмонов аз ҳаққи иртибот бо аъзои хонаводааш низ амале ғайриқонунист. Хонуми Воҳидова умедвор аст ӯро фардо бубинад.
[b]Гузорише дар ин бора[/b]
Бархе аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи озодии баён, монанди Гузоришгарони Бидуни Марз, аз боздошти Урунбой Усмонов башиддат ибрози нигаронӣ кардаанд. Гузоришгарони Бидуни Марз тасмим гирифтааст базудӣ баёнияе дар ин бора интишор диҳад.
Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Сандуқи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон низ аз боздошти хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ дар вилояти Суғд ибрози нигаронӣ карда ва гуфтаанд, ки баёнияе муштарак дар ин бора интишор хоҳанд дод.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз боздошти Урунбой Усмонов амиқан нигарон аст. Вай гуфт, ки созмони онҳо ҳанӯз мутмаин нест, ки оқои Усмонов ба хотири фаъолияти рӯзноманигорияш боздошт шудааст ё хайр.
Оқои Қаршибоев гуфт: “Мо дар ин бора ба таҳқиқ идома медиҳем. Агар маълум шавад, ки барои фаъолияти рӯзноманигорияш боздошт шудааст, ба ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ ба вай иқдом хоҳем кард.”
Аммо оқои Қаршибоев дар маҷмӯъ муносибати мақомоти интизомӣ бо хабарнигорони расонаҳои хориҷиро ноҳамвор арзёбӣ кард. Вай гуфт: “Онҳо (мақомот) фикр мекунанд хабарнигорони хориҷӣ гапи хонаро ба берун хабар медиҳанд, камбудӣ ва мушкилотро мегӯянд.”
[b]»Марде беғараз»[/b]
Рӯзи гузашта сафорати Бритониё дар Тоҷикистон низ дар баёнияе аз мақомоти тоҷик хоста буд, ки хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сиро фавран озод кунанд. Сафири Бритониё ҳамчунин нигаронии худро дар ин маврид дар дидоре бо мақомҳои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон матраҳ кардааст.
Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ низ рӯзи гузашта бо пахши баёнияе хостори озодии Урунбой Усмонов шуд. Дар баёнияи Би-би-сӣ аз ҷумла омада: «Би-би-сӣ шеваи бархӯрди мақомот бо оқои Усмоновро ба ҳангоми боздошт маҳкум мекунад, бавижа ин ки ӯ аз иҷозаи дастрасӣ ба вакили мудофеъро надоштааст.»
Зимнан, дар севумин рӯзи боздошти оқои Усмонов, вай ҳануз иҷозаи тамос бо фарзандону пайвандонашро нагирифта ва вакили мудофеъаш низ бо ӯ мулоқот накардааст.
Урунбой Усмонови 60-сола, ки тайи даҳ соли ахир барои бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ кор мекунад. Яке аз ҳамкорони вай мегӯяд: «Урунбой бисёр шуҷоъ ва меҳрубон ва табиъатан боинсоф аст. Вай нисбат ба ҳеч кас ғаразе надорад ва дар ҳеч кас хубию бадиро намебинад, комилан бетараф аст.»
Пайвандони оқои Усмонов бори охир ӯро рӯзи чаҳоршанбе дар хонааш ба ҳамроҳи кормандони интизомиву амниятие дидаанд, ки ба такурӯ кардани манзили вай машғул буданд. Онҳо мегӯянд, ки дар чеҳраи ӯ осори лату кӯб ба мушоҳида мерасид.
Худи ӯ низ гуфтааст: «Агар ончи шаби гузашта бо ман карданд, такрор шавад, шояд дер напоям.»
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110616_sq_urunboy_statement.shtml