Вокуниш ба сомонаи Faraj.tj: Маводро дар ҷояш мавриди санҷиш қарор додем (АКС)

Корхонаи  шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ба матолиби сомонаи Faraj.tj, ки санаи 15:12:2016 таҳти унвони «Шиква аз «хизмати хирсона»-и Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе» http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12557-shikva-az-khizmati-khirsona-i-shabaka-oi-garmidi-ii-dushanbe-aks.html нашр гардидааст, вокуниш ирсол намуд.

Матолиби вокуниш, ки бо имзои Директори Корхонаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Ятимов М.А вориди дафтари сомона гашт, дар он гуфта шудааст, ки ҳолати дар матолиби сомона дарҷгардида дар ҷояш мавриди санҷишу чораҷӯӣ қарор дода шуд.

Дар вокуниш омода аст:

«Муайян гардид, ки бар асари боришоти шадиди барф рӯзҳои 9-10-уми декабри соли ҷорӣ аз сабаби афтидани шохи дарахт дар кӯчаи Назаршоев 269/2 қубури гармидиҳии ҳавоии Муасссисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе осеб дидааст, ҳамзамон  интиқоли нерӯи гармӣ тавассути қубури мазур қатъ нагардидааст».

Инчунин дар номаи вокуниш қайд гардидааст, ки рӯзҳои мазкур мутахассисони Муассиса барои бартарафсозии садамаҳои ҷиддии рухдода дар минтақаҳои дигари шаҳр вобаста буданд.

 «Новобаста аз ин, қубури гармидиҳии ҳавоӣ дар кӯчаи Назаршоев 269/2 ба пуррагӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд»,-омадааст дар вокуниш.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12631-vokunish-ba-somonai-faraj-tj-mavodro-dar-oyash-mavridi-san-ish-aror-dodem.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *