Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти чанде аз ВАО дар бораи гӯё бе асос дастгир намудани сокинони шаҳри Роғунро аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дар ин замина ҷамъшавии пайвандону наздикони онҳоро дар назди ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ беасос унвон мекунад.
Дар маълумоти дар ин робита нашршуда дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон зикр мегардад, ки ин гуна хабарҳо ягон асоси воқеӣ надоранд, чунки бе нишон додани сарчашмаи иттилоотӣ паҳн шуда ва умуман бе сарчашмаи асоснок паҳн намудани ахборот аз тарафи воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир қобили қабул нест ва мардуми Тоҷикистон аз ин бархурдоранд.
Қайд мешавад, ки чанде аз сокинони шаҳри Роғун (ва нафақат аз ин шаҳр) барои шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ дастгир ва баъзе шахсон барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ даъват карда шудаанд.
Гуфта мешавад, касе аз пайвандону наздикони онҳо дар назди ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ наомадаанд ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷамъшавии ғайриқонуниро манъ намудааст, ки инро мардум медонанд.
«Бояд тазаккур дод, ки ин ҳама чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона гаштааст», — таъкид мешавад дар маълумот.
http://news.tj/tj/news/vkd-vao-ro-ba-takya-tan-o-ba-sarchashma-oi-rasmii-malumot-davat-mekunad