(VIDEO) Шеърхонии журналисти тоҷик дар брифинги намояндаи расмии Вазорати хориҷии Русия

Қироати шеър дар брифинги намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия аз сӯи як журналисти тоҷик хабари “гарм”-и расонаҳои русӣ гардид. Шамсиддини Муқим, хабарнигори тоҷик дар брифинги Мария Захарова, намояндаи расмии ВУХ-и Русия, ки 24 декабр, дар рӯзи мавлуди ӯ баргузор шуд, вайро бо хондани шеър табрик кардааст. Расонаҳо менависанд, ҷаноби Муқим назди Захарова омада, бо “зебосанам” хитоб карданаш аз ҳозирин даъват кард, шеъри “Таманниёт ба дӯст”-ро гӯш диҳанд, ки ба мавлуди ӯ бахшида шудааст.

Расонаҳо матни ин шеърро ҳам нашр кардаанд, ки чунин аст:

“Друг, удачи тебе хочу пожелать,
Божий лик твой хотел увидать.
Пусть хвала до небес превозносит тебя.
Я желаю тебе долго жить и блистать.

Много бед перетерпел.
Но умел и врага благородством души и умом побеждать.
Ты учился добру, всем в нужде помогал
И с дороги своей не сошел не на пядь.

Ты упорно, мой друг, веришь в силу добра,
Пустословьем пустым не умеешь плести.
Говорит Шамсутдин, что тебе суждены
Плодотворная жизнь и высокая стать”.

Журналисти тоҷик баъди қироати шеър матни онро ба ихтиёри намояндаи расмии ВУХ гузошта, ба Захарова миқдоре аз меваҳои Тоҷикистонро тақдим кардааст.

Хабари қироати шеър аз ҷониби журналисти тоҷикро даҳҳо расонаи Русия нашр кардаанд. «Russia Today» навори ин лаҳзаро дар телевизион ва торнамои расмии худ мунташир сохтааст.

 

 

http://www.ozodagon.tj/24590-video-sherhonii-zhurnalisti-toik-dar-brifingi-namoyandai-rasmii-vazorati-horiii-rusiya.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *