Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашрияи мустақилли «Нигоҳ»-ро дубора ба сабт расонда ва ба ин тартиб мушкили худдории чопхонаҳо аз чопи ин нашрия рафъ шудааст.
Ин хабарро Фаридуни Раҳнавард, яке аз аъзои ҳайъати таҳририяи «Нигоҳ» таъйид кард ва гуфт, ки вазорат шоми рӯзи гузашта масъулони нашрияро даъват карда ва шаҳодатномаи сабти онро таҳвил додааст.
Пештар Садриддин Умаров, як масъули Идораи табъу нашр ва матбӯъоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки чопи нашрияи “Нигоҳ” ба далели вуҷуди «навоқиси забонӣ» дар ду ҳафтаи ахир мутаваққиф шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, вазорати фарҳанг бо ҳафтаномаи “Нигоҳ” мушкили хоссе надошта ва чопи ин нашрия базудӣ аз сар гирифта хоҳад шуд. Оқои Умаров афзуд, ки вазорати фарҳанг ба нашрияи “Нигоҳ” шаҳодатномаи сабти фаъъолияташро хоҳад супурд.
Оқои Раҳнавард ҳам эродҳои вазорати фарҳанг дар мавриди забони нашрия ва истифода аз вожаҳои баҳсбарангезро таъйид кард ва гуфт, ки умдатан эродҳо ба баҳси шоъира Ҳадисаи Қурбон бо шоъир Низоми Қосим ва лаҳни қаҳрамонҳои гӯшаи “Мизодиккак” дар нашрия рабт доштааст.
Аз ҷумла, масъулони вазорат суханони Ҳадисаи Қурбон дар бораи ҳайъати доварони ҷоизаи Рӯдакиро, ки онҳоро ба «фурӯхтани» ҷоиза муттаҳам карда буд, ноҷо хонда ва истифода аз вожаи бегонаи “флаг” ба ҷойи “парчам”-ро навъе иҳонат ба рамзи давлатӣ арзёбӣ кардаанд.
Ҳамчунин, дар номаи Вазорати фарҳанг ба матлабе танзомез дар бораи Шӯрои уламои Тоҷикистон ва истифода аз «лаҳни шадид» дар мавриди Абдуҷаббор Раҳмонов, ёвари раиси ҷумҳурӣ ва вазири собиқи маъориф, ишора шудааст.
Ба дастури Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чопи нашрияи “Нигоҳ” ба муддати ду ҳафта мутаваққиф шуда ва ба гуфтаи масъулони нашрия чопхонаҳо ҳушдор дода шуда буданд, ки дар сурати мунташир кардани “Нигоҳ” ба маблағи то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Масъулони ҳафтаномаи “Нигоҳ” қаблан ин иқдоми Вазорати фарҳангро талоше барои сонсури матбӯъот ва як навъ «хидмат ба «тағо”-ҳояшон дар остонаи интихоботи порлумонӣ» хонда буданд.
Ба гуфтаи масъулони нашрия, онҳо барои сабти муҷаддади нашрия дар моҳи сентябр ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нома навишта буданд, вале сабти он ба далоили номаълум то кунун ба таъхир уфтодааст.
Бар асоси қонун, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳақ дорад дар се сол як бор нашрияҳоро ба сабт расонад, вале ҳаққи маънӯъ кардани чопи онҳоро надорад. Бо ин вуҷуд, масъулони вазорат ду ҳафта пеш чопхонаҳоро дастур додаанд, ки нашрияи «Нигоҳ»-ро чоп накунанд.
Зимнан, “Нигоҳ” ба далели чопи матолиби интиқодӣ дар бораи мавориди фасод дар сохторҳои давлатӣ ва нақзи қавонин дар сохторҳи интизомӣ қаблан ба додгоҳ кашида шуда буд.
Муассиси нашрияи “Нигоҳ” созмони иҷтимоъии “ИНДЕМ” буда ва ин нашрия аз 14 декабри соли 2006 ба ин сӯ мунташир мешавад. Ин созмон ҳамчунин молик ва муассиси хабаргузории «Тоҷнюз» аст.
Созмонҳои мустақили рӯзноманигории Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба дарёфти иттилоъот аз мақомоти давлатӣ, масдуд шудани торнамоҳои хабарии мустақил ва шабакаҳои иҷтимоъӣ ва воқеъбинонаю мунсифона набудани муҳокимаҳои додгоҳӣ дар қиболи матбӯъот ва расонаҳои мустақилро аз мавонеъи аслӣ дар роҳи озодии баён дар ин кишвар арёзбӣ кардаанд.
Дар соли ҷорӣ дастрасӣ ба садҳо вебсойт ва шабакаҳи иҷтимоъӣ, аз ҷумла торнамоҳои родиюи Озодӣ, шабакаҳои иҷтимоъии Ютюб, Фейсбук ва Одноклассникӣ дар Тоҷикистон масдуд шудааст.
Мудофеъони озодии баён ин иқдомро дар остонаи интихоботи порлумонии моҳи март навъе талош барои сонсур ва маҳрум сохтани мардум аз дарёфти иттилоъоти олтернотив хонда ва хостори рафъи сареъи масдудияти сойтҳо ва шабакаҳои интернетӣ шудаанд.
Дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар соли гузашта низ даҳҳо сойти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла торнамоҳои Осиё-плас, Тоҷнюз, Тҷкнюз, Фергоно.ру, Вести-ру, Сентразия,ру, РИА Новости ва шабакаи иҷтимоъии Фейсбук бидуни шарҳи далоил аз сӯи мақомот масдуд шуда буданд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/12/141219_mm_nigoh_bannig