Вазорат аз робитаи донишгоҳҳо бо хориҷиён «шак» дорад

[b]Вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим дорад, робитаи донишгоҳҳои кишвар бо созмонҳои хориҷиро танзим намояд.[/b]

Алидод Расулов, як ммасъули Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи сешанбе (16-уми октябр) ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод мехоҳад, иштироки масъулони донишгоҳҳо ва донишҷӯён дар семинарҳои созмонҳои байналмилалиро назорат намояд.

Ин дар ҳолест, ки Рустам Гулов, як блогнависи тоҷик, ба унвони президенти Тоҷикистон нома ирсол дошта, гуфтааст, Вазорати маориф дар номаи расмии худ ба донишгоҳҳову донишкадаҳои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки «гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ба Шумо дастур дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ назорат намуда, барои иштирок нанамудани донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешед.»

Рустам Гулов бо овардани моддаи 31-и Қонуни асосии Тоҷикистон ба президент муроҷиат карда гуфтааст, нисбати чунин «талаботи ғайриқонунии Вазорати маорифи Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида, барои афроди дар ин кор дастдоштаро ба ҷавобгарӣ кашидан мусоидат намояд.

Аммо Алидод Расулов, як масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки онҳо пештар баргузории семинари созмони хориҷии «Lert International» дар Тоҷикистонро манъ карда будаанд, мегӯяд: «Мо намедонем, ҳадафи аслии ин созмонҳо чист ва баъд дар вақти дарс ва ба ҷои таҳсил донишҷӯ дар семинари созмонҳои байналмилалӣ чӣ кор мекунад? Албатта, бояд масъулони донишгоҳ ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд.»

Блогнависи тоҷик Рустам Гулов дар номаи худ менависад, чунин талабот, ки Вазорати маориф ба ректорони донишгоҳҳо фиристодааст ва аз онҳо тақозо намудааст, ки ба иштироки донишҷӯён дар семинару конфронсҳои созмонҳои хориҷӣ монеъ шаванд, мухолифи моддаҳои 28 ва 29-и Қонуни асосии Тоҷикистон аст. «Чунки ин талабот ҳуқуқи донишҷӯён ба муттаҳидшавӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятиро нақз менамояд»,-гуфтааст ӯ.

Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, номаи ин ниҳод ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар, дар таърихи 8-уми октябр фиристода шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24740848.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *