Шурӯъ аз 6 -уми июли соли равон, вазирону раисони ниҳодҳои давлатӣ дар назди хабарнигорон дар бораи фаъолияти шашмоҳаашон ҳисобот хоҳанд дод.
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, дар шарҳи ин хабар гуфтааст, ки нишастҳои матбуотӣ барои натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи вазорату идораҳои кишвар 6-уми июл оғоз шуда, то 31-уми июл давом мекунад.
Интизор аст, ки 6-уми июл нахуст нишасти матбуотии Маркази таҳқиқоти стратегӣ, Вазорати маориф ва илм ва Шӯрои адлия баргузор карда шавад.
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо дар Тоҷикистон тибқи фармони Президент аз соли 2005 ба ин тараф баргузор мегардид. То соли 2011 ин нишастҳо ҳар семоҳа баргузор мешуд, вале давоми қариб 4 сол аст, ки нишастҳо ҳар нимсола баргузор карда мешавад.
http://faraj.tj/news/9800-vazironu-raison-dar-nazdi-r1263znomanigoron-1203isobot-medi1203and.html