Вахомати вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар соле, ки гузашт

[b]Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон дар феҳристи озодии баён ҳафт зина пойин рафта ва дар мақоми 122 қарор гирифтааст.[/b]

Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз соли 2010 то ҳоло бамаротиб бадтар шудааст. Дар ин бора гузориши ҷадиди Гузоришгарони Бидуни Марз ҳикоят мекунад.

Бино ба феҳристи ҷадиди ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон, мақомоти Тоҷикистон ба саркӯбии расонаҳои мустақил бо баҳонаи пешгирӣ аз ба ҳам задани субот ва мубориза бо ифротгароӣ идома медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони маҳаллӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд, ки дар остонаи интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ вазъи озодии баён дар ин кишвар беш аз пеш маҳдуд хоҳад шуд.

Дар гузориши қаблии Гузоришгарони Бидуни Марз, ки дар соли 2010 мунташир шуда буд, Тоҷикистон дар “Феҳристи озодии баён-2010” дар миёни 178 кишвар дар ҷои 115 қарор дошт.

Аммо дар соли ҷорӣ Тоҷикистон дар ин феҳрист ҳафт зина поён рафта ва ҷойи 122-юмро касб кардааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, ки бадтар шудани шохиси Тоҷикистон дар феҳристҳои мухталифи марбут ба вазъи озодии баён ғайричашмдошт нест.

Вай мегӯяд, ки дар поёни соли 2010 ва дар соли 2011 хабарнигорон ва расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон бо мушкилоти умдае рӯбарӯ шудаанд ва се қазияи додгоҳии пурсарусадои нашрияҳои “Нури Зиндгӣ”, “Asia-Plus” ва хабарнигори Би-би-сӣ аз сӯйи созмонҳои байналмилалии мухталиф маҳкум шудаанд.

Оқои Қаршибоев афзуд: “Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки ин қазияҳо ба рӯҳияи рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад расонд ва ҳоло мебинем, ки теъдоди рӯзноманигорон, бахусус рӯзноманигорони ҷавон, ки худсонсурӣ мекунанд, бештар шудааст.”

Раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон афзуд, ки кам шудани нишастҳои матбуъотӣ яке дигар аз нишонаҳои бадшавии вазъи озодии баён дар ин кишвар аст.

Дар моҳи сентябри соли 2011 тасмими раиси ҷумҳурӣ дар бораи баргузории ҳатмии нишастҳои матбуъотии семоҳа лағв шуда ва ҳамакнун ниҳодҳои давлатӣ муваззафанд дар сол танҳо ду нишасти матбуъотӣ баргузор кунанд.

Бо ин ки ҷойгоҳи Тоҷикистон дар феҳристи озодии баёни созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар як соли ахир ҳафт зина пойин рафтааст, миёни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон пас аз Қирғизистон (ҷойи 108) беҳтарин вазъро доштааст.

Қазоқистон дар ин феҳрист дар мақоми 154, Ӯзбакистон дар радаи 157, Туркманистон дар ҷойгоҳи 177 ва Афғонистон дар мақоми 150 қарор доранд.

Дар гузориши ин созмон таъкид шудааст, ки давлатҳои Қазоқистон ва Ӯзбакистон барои кунтрули интернет дар кишварҳояшон талошҳое анҷом додаанд ва Туркманистон дар заминаи озод кардани матбуъот ба ҳеч пешрафте ноил нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки маъмулан дар остонаи интихоботҳо дар Тоҷикистон саркӯб кардани расонаҳои мустақил бештар эҳсос мешавад.

Вай пешбинӣ мекунад, ки бо дарназардошти омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар соли 2013 давлат дар соли ҷорӣ низ барои кунтрули расонаҳои мустақил талошҳои худро идома хоҳад дод.

Вай афзуд, ки ин раванд дар ҳоли ҳозир маҳсус буда ва ду равиши мақомот дар ин замина ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи вай, бархе аз ниҳодҳо ба расонаҳои мустақил пешниҳоди ҳимояти молӣ карда ва мехоҳанд расонаҳоро аз ин роҳ таҳти кунтрули худ бигиранд.

Дар сурати дигар, расонаҳо аз сӯйи мақомоти молиётӣ ва ғайраҳо мавриди таъқиб қарор мегиранд.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар тӯли соли сипаригашта бештарин баёнияву изҳорот дар заминаи нигарониҳояш аз вазъи хабарнигорон дар Тоҷикистонро мунташир кардааст.

Аксари ин баёнияҳои ин созмон ба қазияҳои додгоҳии Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Маҳмадюсуф Исмоъмилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» марбут буд.

Ин созмон аз ҷумла навишта буд, ки “фишорҳои байналмилалӣ дар бархӯрди мақомот бо ин ду хабарнигор муассир воқеъ шудаанд, вале маҳкумияти онҳо аз сӯйи додгоҳҳо навъе таҳдид ба рӯзноманигорони дигар дар Тоҷикистон аст.”

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/01/120127_rwb_tajikistan.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *