ВАО ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӣ

Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ВАО пурқуваттарин ва муасиртарин воситаи ташаккули шуури худшиносии миллиро моликанд. Барои ин чанд омили зерин сабаб шудаанд.

 

Аввал. Пас аз дастрасӣ ба истиқлолияти миллӣ дар таърихи чандсадсолаи халқи тоҷик аввалин бор имконияти он ба вуҷуд омад, ки дар хусуси миллати тоҷик, нақши вай ва мақомаш дар ҷомеаи башарӣ озодона сухан гуфта, барои ҳуқуқи марзию таърихию фарњангиаш талошњо шаванд.Таъризи гузаштаи раҳгумӣ ва фаромӯшӣ аз пошхӯрдани давлати Сомониён оғоз ёфта, то истиқлолият ба ин ё он васила  ва сатҳ идома дошт. Дар адабиёти классикиии тоҷик ба ҷуз аз, эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ ва Камол камтар асар ба назар мерасад, ки дар он дар бораи миллати тоҷик ва ватани вай (Бухоро, Хуросон, Мовароуннаҳр), фазилати ин халқ мушаххасан сухан рафта бошад. Кор ба ҳадде расид, ки олимони аврупоии дар қарни нуздаҳ ба Осиё омада, барои мисол Меендорф ва Ванбери дар муқоиса бо дигарон  халқи тоҷикро “ноиттифоқ” ва “дар хонадони худ маҳдуд” номиданд.

Матни пурраи маводро дар сомонаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед: http://taj.nansmit.tj/vao-va-xudshinosii-mill%D3%A3/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *