Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ВАО пурқуваттарин ва муассиртарин воситаи ташаккули шуури худшиносии миллиро моликанд. Барои ин чанд омили зерин сабаб шудаанд.
Аввал. Пас аз дастрасӣ ба истиқлолияти миллӣ дар таърихи чандсадсолаи халқи тоҷик аввалин бор имконияти он ба вуҷуд омад, ки дар хусуси миллати тоҷик, нақши вай ва мақомаш дар ҷомеаи башарӣ озодона сухан гуфта, барои ҳуқуқи марзию таърихию фарҳангиаш талошњо шаванд. Таърихи гузаштаи раҳгумӣ ва фаромӯшӣ аз пошхӯрдани давлати Сомониён оғоз ёфта, то истиқлолият ба ин ё он васила ва сатҳ идома дошт. Дар адабиёти классикиии тоҷик ба ҷузъ аз, эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ ва Камол камтар асар ба назар мерасад, ки дар он дар бораи миллати тоҷик ва ватани вай (Бухоро, Хуросон, Мовароуннаҳр), фазилати ин халқ мушаххасан сухан рафта бошад. Кор ба ҳадде расид, ки олимони аврупоии дар қарни нуздаҳ ба Осиё омада, барои мисол Меендорф ва Ванбери дар муқоиса бо дигарон халқи тоҷикро “ноиттифоқ” ва “дар хонадони худ маҳдуд” номиданд.
Замони шӯравӣ ба худшиносии миллии халқҳо, аз ҷумла тоҷикон имконият фароҳам сохт ва махсусан дар даҳ – понздаҳ соли аввал аз байни тоҷикон шахсиятҳои варзидаи чун Садриддин Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Сайидризо Ализода ва ҳаммаслакони онҳо ба майдони сиёсат ва сухан омаданд ва барои худшиносии миллии точикон муборизаҳо карданд, бо ҳазор душворӣ ба ташкили матбуоту мактаби тоҷикӣ, дертар Ҷумҳурии Тоҷикистон муяассар шуданд. УстодАйнӣ на танҳо дар осори бадеияш, балки дар асарҳои публитсистӣ ва илмиаш ҳам, аз ҷумла дар мақолаи “маънои калимаи тоҷик” ҳаммиллатонро дар худшиносии миллӣ роҳ намуд. Дар ҳамин давра – солҳои бистуми асри бист матбуоти тоҷик – “Шӯълаи инқилоб”, “ Овози тоҷик”, “Раҳбари дониш”, “Бедории тоҷик” пешоҳангони мубориза барои худшиносии миллӣ буданд.
Аммо давлати шӯравӣ бо мақсади нигоҳдории дӯсти халқҳо пеши роҳи ин ҷараёнро гирифт ва баъди иртиҷо, яъне репрессия худшиносӣ дар қолаби худшиносии миллати сотсиалистӣ ва маданияти шаклан миллӣ маҳдуд монд. Гарчӣ, адибони чун С.Улуғзода, М.Турсунзода, М.Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор худшиносии миллиро дар асоси анъанаи солҳои бистум пеш мебурданд, аммо ба шакли умум дар воситаҳои ахбор фаҳмиши расмии он мунташир мешуд.
Истиқлолилияти соли 1991 маҳдудиятҳои ин таблиғро дарҳам шикаст ва сардори давлат борҳо дар баёнияҳои расмии худ ташаккули шуури миллиро аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи Тоҷикистон ном бурд.
Омили дуюми аввалияти ВАО дар ин масъала он аст, ки фишангҳои дигари ҷомеа – мактаб, клубу китобхона, муассисаҳои фарҳанг ва санъат, њатто адабиёт дар асари муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ даркори таблиғи руҳи худ шиносии миллӣ кунд шуданд. Дар бисту панҷ соли ахир дар адарбиёт як асари назаррасе дар ин маврид пайдо нашуд. Қисмати асосии сурудҳо ва намоишномаҳои ҷашнӣ ба шакли умумӣ ва камтаъсир эҷод шудаанд, гарчӣ Ҳукумат барои ташаккули худшиносии миллӣ иқдоми ҷиддие карда ва ҷашнҳоеро чун давлати Сомониён, таърихи шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Кулоб солгарди адибони бузурги классик ба роҳ андохт, вале идораҳои масъули соҳаи идеологӣ азонҳо дуруст истифода карда натавонистанд.
Омили сеюм, ҷанги шаҳрвандӣ парокандагии миллиро ба вуҷуд овард. Дар муҳити адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ нерӯҳое пайдо шуданд, ки ҳатто шиори ваҳдати миллиро бо хислати маҳаллӣ оростанд ва шуури миллиро бо роҳи ғалат шарҳ доданд.
Дар чунин ҳолат воситаҳои ахбори омма ташаббусро ба даст гирифта ташаккули шуури миллиро дар қолаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монданд. Хислати замон ва бархурди давлати хурд бо атрофиёни пурқудрат боис шуд, ки гоҳ-гоҳе ҳам татбиқи мақсад, хислати миллатчиёна ва гуфтори ғализ дошт. Албатта ин ҳолат дар ҳамаи воситаҳои омма ҳамсон нест. Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи расмӣ ба ин масъала нисбатан камтар дахл мекунанд ва агар муроҷиат намоянд ҳам хеле ором баҳс мекунанд. Ду шеъваи муроҷиати ВАО-и расмӣ ба ин мавзӯъ диққатро ба худ мекашад:
- Матбуот асосан зимни баёнияҳои сардори давлат ба ин мавзуъ руй меорад ва ба истилоҳ онро шарҳ дода таблиғ мекунад.
- Телевизион ва радиои расмӣ низ айни корро иҷро мекунанд, аммо телевизион дар масъалаҳои дигар ба намуди зоҳирӣ бештар диққат медиҳад. Таблиғи либоси миллӣ, махсусан барои занон ва духтарон, таблиғи мусиқии суннатӣ, махсусан этникӣ- фолклорӣ, риояи суннати қадимаи либос – шеърхони бо салла далели ин мебошад.
Матбуоти мустақил дар ин мавзуъ саднописанд аст. Дар ҳама чиз вай масъалаи миллиро суроғ карда ба ин васила ба ташаккули шуури миллӣ таъсир расонидан мехоҳад: Дар блокадаи иқтисодии кишвар аз ҷониби Узбекистон дар мушкилиҳои сохтмони банди барқи Роғун, дар аҳволи бади муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия ва бисёр чизҳои дигар василаи таъсир расонидан ба шуури миллиро мебинад.
Матбуоти мустақил шиори “манфиати миллӣ болотар аз ҳар чиз аст” ба миён мегузорад, ки ин гуфтаи хубе аст дар худшиносии миллӣ ва аксарияти матолибе, ки зери он меоянд воқеан ба ташаккули воқеии ҷаҳонбинии миллӣ боис мешаванд. Аммо аҳёнан ба тафриқаи беруниҳо эҳсоси матбуоти мустақил боло мегирад ва дар замина навиштаҳое ҳам пайдо мешаванд, ки лаҳзаӣ, эҳсосӣ, эътирозӣ будани онҳо равшан зоҳир мешавад. Ин махсусан дар иртибот ба Узбекистон ва Россия бештар ба мушоҳида мерасад. Масалан, ҳафтаи гузашта матбуоти мустақил ҳамдилона дар муқобили иддае аз сиёсатмадорони Россия матолиби зиёде нашр карданд, ки сабабаш изҳороти тавтеаангези Жириновский буд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
— Ҳамаи тоҷикон ба Россия бемориву маводи махаддир меоранд ва тамоми ҷиноятҳоро содир мекунанд.
— Роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ бо Тоҷикистон баста шаванд.
— Интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба ватанашон қатъ карда шавад.
— Барои шаҳрвандони Тоҷикистон режими виза ҷорӣ карда шавад.
Ҷавоби матбуоти мустақили тоҷик ба ин суханҳо ҳамвазн буданд.
Матолиби матбуоту дигар воситаҳои ахбор дар ташаккули шуури миллӣ бештар дар такя ба панду насиҳати адибони бузург, асарҳои Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, панду насиҳати шахсони таҷрибадор, қабл аз ҳама олимон, муаллимон ва муллоҳо ба амал бароварда мешаванд. Дар ин бобат мавзуҳои қадри миллат ва хоки ватанро эҳтиром кардан, дар мушкилӣ дасти ҳам гирифтан, дар муқобили душманони миллат устувор будан, ваҳдати миллиро муҳофизат кардан, қадри падару модари худро донистан аҳамияти хосса дорад.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки муташаккилии дастаҷамъӣ дар ташаккули шуури миллӣ мавҷуд нест. Чунки фаҳмиши амиқи миллат дар воситаҳои ахбори имрӯза вуҷуд надорад. Албатта дар сухан, дар панд, дар мақолаҳои илмӣ ҳамандешӣ ҳаст, аммо дар амалия камтар мушоҳида мешавад. Тамоми восиҳои ахбор ташаккули худшиносии миллиро мехоҳанд ва барои ин кор мекунанд, аммо равиши онҳо дар ташаккули шуури миллӣ ҳамсон нестанд ва майлҳои зерин дорад:
а) тарбия бо роҳи исломпарастӣ. Ба ҷои аввал гузоштани дин дар худшиносии миллӣ. Дар ин равия на танҳо бисёре аз ҳафтаномаҳои мустақил матолиб чоп мекунанд, балки нашрияҳои хоссе ҳам мавҷуданд;
б) иронпарастӣ, яъне ба чашми таърихӣ нигаристан ба имрӯзи зиндагӣ, ки ин на ҳамеша ба манфиати худшиносии миллӣ аст. Пайравони ин ақида дар ВАО кам нестанд. Дар ин бобат ду ҷиҳатро зикр кардан лозим аст:
1) Ин тарзи нигоҳ ба асли миллат – давлат мувофиқат намекунад. Ирони таърихӣ иттиҳоди як халқи ҳамзабон буд. Чунин шакли иттиҳод бар асари замонҳо махсусан бар асари ба ирони қадим раҳ ёфтани арабҳо, муғулҳо, темуриён, кочорҳо, манғитҳо, озарбойҷониҳо аз байн рафт. Имрӯз ҳолати якзабонӣ на дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, на дар Осиёи Миёна ва на дар Афғонистон мавҷуд нест, яъне дар ҳамаи сарзамини тоҷикнишин миллатҳои бегона ҳам сокин шуданд барои ҳамин ҳам ба имрӯз ба чашми таърихӣ нигоҳ кардан намешавад.
2) Таваҷҷуҳи зиёд ба форспарастӣ боис мешавад, ки даҳ — дувоздаҳ миллион тоҷикони ӯзбекистон ва даҳ — чордаҳ миллион тоҷикони Афғонистон дар матбуоти мустақили Тоҷикистон ҷои сазовори худро пайдо накунанд.
в) Русситезӣ, ки дар аксарияти матбуоти мустақил ба чашм мерасад ва он аз воқеаҳои солҳои 1990, 1995 маншаъ мегирад. Ин аслан ақидаи оппозитсияи мусаллаҳи собиқ буд, ки имрӯз бисере аз матбуоти мустақил аз он пайравӣ мекунад.
г) Тоҷикпарастӣ ва таблиғи миллати худ, ки имрӯз аксарияти ВАО – и кишвар бо оҳистагӣ бошад ҳам ба он рӯ меоварад. Ин равия ба муқобили давлате ё миллате нигаронида нашудааст, балки мақсадаш ба худ шиносонидани тоҷикон ва ба аҳли башар муаррифӣ кардани он аст.
Хулосаи калом. ВАО Тоҷикистон имрӯз руҳияи худшиносии миллии хешро нав ва замонавӣ мекунанд ва хонандагони хешро дар роҳи худшиносӣ таблиғ ва ҳидоят мекунанд.
Профессор Иброҳим Усмонов,
раиси Хазинаи ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо»