Дар ним соли аввали соли равон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар умум 1691 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 571 адад камтар мебошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки аз муроҷиатҳои воридшуда 441 адад хаттӣ ва 1250 ададаш шифоҳӣ будаанд.
Ба гуфтаи Ализода, муроҷиатҳо бештар ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент) ва ғайра рабт мегиранд.
Бино ба маълумотҳо, аз муроҷиатҳои хаттии воридшудаи шаҳрвандон бештараш ба қарор ё амалу беамалии мақомоти судӣ дахл доранд, ки 26 ададро дар бар мегиранд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ 10, мақомоти прокуратура — 5 ва шахсони ҳуқуқӣ 2 адад шикояти хаттӣ ворид шудааст.