Вакили мудофеъи рӯзноманигори боздоштшуда дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҳукми додгоҳ барои боздошти Муҳаммадюсуф Исмоъилов, хабарнигори мустақил дар ин вилоят ба додгоҳи истинофӣ шикоят бурдааст.

Фазлиддин Худойбердиев, вакили мудофеъи оқои Исмоъилов, ҳамчунин гуфт, ки кормандони интизомӣ муваккилашро аз ноҳияи Ашт ба боздоштгоҳи муваққатии шумораи ду дар шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.

Вай мегӯяд, ки интизор меравад, ки шикояти ӯ аз ҳабси Муҳаммадюсуф Исмоъилов, имрӯз ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд фиристода шавад

Оқои Худойбердиев, рӯзи душанбеи 1 июл, ба Би-би-сӣ гуфт: «Ман дар шикоят, дар мавриди лағви ҳукми додгоҳи қаблӣ ва татбиқи ҳабси хонагӣ нисбати вайро дархост кардам. Зеро оқои Исмоъиловро сарпараси ду кӯдаки зери панҷсола ва хоҳари мълулаи солмандаш ҳаст ва худаш низ маълули дараҷаи севвум аст.»

Оқои Худойбердиев, афзуд, ки муваккили ӯ ба занни тамаъҷӯӣ боздошт шуда ва вай афзуд, ки оқои Исмоъилов иқрор кардааст, ки дарвоқеъ ӯ аз Санавбар Аҳадова, сокини ноҳияи Ашт ҳудуди 400 сомониро дарёфт кардааст.

Вай афзуд: «Муваккили ман мегӯяд, ки ин пулро ба ӯ ин хонум ба унвони кумак додааст.»

Муҳаммадюсуф Исмоъилов, хабарнигори мустақили ноҳияи Ашт, рӯзи 25 июн аз сӯйи кормандони пулисти ин ноҳия боздошт шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гузашти ду рӯз эълом кард, ки оқои Исмоъиловро бо иттиҳоми таҳдиди (шантаж) як хонуми ин ноҳия боздошт кардааст.

Аммо иддае аз пайвандон, дӯстон ва ҳамсари Муҳаммадюсуф Исмоъилов гуфтаанд, ки кормандони интизомӣ ин рӯзноманигорро барои фаъъолиятҳои ҳирфаӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо ӯ дар як моҳи ахир дар чанд ҳафтанома матолиби интиқодомезеро дар мавриди вазъи зиндагӣ дар ноҳияи Ашт, бавежа душвориҳои зиндагии иҷтимоъии сокинони он ба табъ расондааст.

Ин бори дуввум аст, ки ин рӯзноманигори тоҷик аз сӯйи кормандони интизомӣ боздошт мешавад. Дар соли 2010 Муҳаммадюусуф Исмоъилов, ки он замон хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» буд, боздошт ва ҳудуди 11 моҳро дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар вилояти Суғд пушти сар карда буд.

Сипас додгоҳи шаҳри Табошар оқои Исмоъиловро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум карда буд.

Намояндагони созмонҳои рӯзноманигорон он замон сабаби ба додгоҳ кашида шудани оқои Исмоиловро навиштани матлабе дар мавриди фасод дар миёни кормандони мақомоти ҳукумати вилояти Суғд унвон карда буданд.

Бисёре аз созмонҳои байналмилалии дифоъ аз озодии баён он замон боздошт ва муҳокимаи ин рӯзноманигори тоҷикро мавриди интиқод қарор дода буданд.

Дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносон ҳадс мезананд, ки дар чанд моҳи ояндаи қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таъқибу фишор бар расонаҳои мустақил ва рӯзноманигорон дар ин кишвар афзоиш меёбад.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/07/130701_zkh_media_arrest_court.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *